Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 305 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 305 аз 499 · 2 ноябри 2026

Албатта, ман талабу дархости шуморо дуюмбора ба мақомотҳои болоӣ мерасонам. Ҳисоб намоед, ки ман бо шумо ҳамфикрам ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо ҳама аъзои як команда, савори як сафина ҳастем, - гуфт Умар Наҷиб.
-Муҳтарам Умар Наҷиб, бисёр хуб шуд, ки баъди баҳси тӯлонӣ ҳам бошад, нигоҳи ҳамаи мо сари як нуқта дар хати буриш рост омад. Шахсан ман аз муфаттиши прокуратура барои ҳамаи моро ба мувофиқа оварданаш изҳори сипос менамоям. Бону Нӯшини Азиз дуруст қайд намуд, ки амали ноҷои як кайк қадри онро намеафзояду нархи пӯстинро коҳиш намедиҳад. Рафту пешниҳоди мо пазируфта шавад ва ҳодиса тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардад, аминам он аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгири хоҳад ёфт, - гўён Воҳид Камол ба ҳамоиш нуқта гузошт.
Вақте ки мо аз бинои милиса баромадем, ситораҳо дар осмон нурафшонӣ доштанд...
...13...
Ҳамагӣ ним соат пас аз оғози рўзи корӣ Шукрихудои Шариф ҳам ба идора омад.
-Ба фикрам, талаби Раҳмон Маҳмудро аз ёд баровардед?
-Баръакс, ман талаби эшонро бечунучаро иҷро намудам.
-Пас чаро худат ин ҷо?
-Муҳим он аст, ки ман морбозро то ба прокуратура гусел намуда, шахсан ба дасти нафаре, ки дар орзўӣ диданаш буд, супоридам. Дигар кунда мекафад ё ҷувоз, барои ман фарқе надорад.
-Муфаттишро дидед?
-Не, чунки морбозро рост ба дафтари кории Раҳмон Маҳмуд бурдам ва чун эшон амр намуд, ки пушти дар интизор шавам, ба ростӣ, вуҷудам биларзид ва гуфтам интизор шуда наметавонам, чунки саломатиам чандон хуб нест...
-Хафа нашав.
-Ин ба гуфтан осон, охир шумо, рафиқ майор, дишаб худ шунидед, ки ин ҳомии қонун чӣ гуфт.
-Гуфт, ки морбозро ба прокуратура биёред.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан