Шояд дар ин бетарафӣ гуноҳи мо ҳам ҳаст. Охир қарсак аз ду даст гуфтанд. Рафту агар мо тариқи яке аз шабакаҳои телевизонӣ ҷойи ҳодиса ва вақту соати онро намоиш дода, аз шаҳрвандон хоҳиш мекардем, ки дар кушодани ин ҳодиса ба тафтишот ёрӣ диҳанд ва агар мақомоти тафтишоти барои хабаре, ки натиҷаи мусбӣ медиҳад, ҳавасмандкунии моддиро ваъда медоданд, нуран алонур мешуд.
-Рафиқ майор, гумон накунед, ки прокуратураи шаҳр сари ҳалли чунин ҳолати кор андеша накардааст. Дар самти тариқи шабакаҳои телевизонӣ нишон додани ҷойи ҳодиса ва аз мардум ёрӣ пурсидан мушкилоте нест, мушкилот он аст, ки ҷабрдида раиси суди ноҳия буд ва мақоми худи ҷабрдида дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ як вокуниши манфиеро дар нисбати мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба бор хоҳад овард.
-Пас чӣ бояд кард?
-Ба хотири як кайк шуда, мо наметавонем пӯстинро оташ занем. Беҳтар мешуд, ки роҳҳои дигари ҳалли ин муамморо ҷустуҷў менамудем.
-Чун ҳама аҳли нишаст мусулмонем, мехостам каломеро аз забони худи мардуми мусулмон бароятон арз намоям, - бори аввал ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт муфаттиш Нӯшини Азиз.
-Арз бошад, арз намоед, - нотиқро ба давом додани суханаш ҳидоят намуд Умар Наҷиб.
-Мардуми мусулмон бар он назаранд, ки дар қиёмат амали ҳар фард дар алоҳидагӣ мавриди санҷиш ва таҳлил қарор мегирад, яъне, бузро бо пойи худаш меовезанду гӯсфандро бо пойи худаш. Инчунин, бояд зикр намоям, ки пайдошавии як кайк дар пӯстин қадри кайкро намеафзояду нархи пӯстинро ҳам коҳиш намедиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, ман ҳамчун сарвари гурўҳи тафтишотӣ аз шумо муҳтарам Умар Наҷиб талаб мекунам, ки пешниҳоди Акбар Ҳакимовичро ҷонибдорӣ намоед. Моро ба ҷуз муроҷиат тариқи шабакаҳои телевизонӣ роҳи дигаре нест.
-Ман шуморо фаҳмидам ва чӣ хеле, ки лаҳзае пеш ҳам гуфта гузаштам, мо низ чанд маротиба масъалаи мазкурро дар чунин шакл мавриди баррасӣ қарор додем, вале бинобар сабабҳои дар боло зикр намудаам он аз тарафи роҳбарият ҷонибдорӣ наёфт.





