Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 303 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 303 аз 499 · 2 ноябри 2026

-О, вай шоҳиди шумо девонаи таппа -тайёр будааст - ку.
-Домулло собиқ корманди милиса аст ва бояд арз намоям, ки дар нисбати собиқ ҳампеша суханҳои пасту баланд шунидан бароямон чандон хуш нест, - ба ҳимояи Намоз Хаёл бархеста гуфт сардори милиса.
-Рафиқ лейтенант, маънии калимаи қашанг чист? - суол дод Умар Наҷиб.
-Бонуи зебо, қоматбаланд, мурчамиён, - гуфт Шукрихудои Шариф.
-Қашанг танҳо зани зеборо мегўянд, нафареро, ки рўяш чун кулчаи ширмол арғувонӣ ва чашму абрўи назаррабо дорад.
Ин калима ба қаду қомат ягон иртиботе надорад. Пас агар чунин аст, чӣ тавр он шоҳиди ҳампешаатон нафареро, ки рўяшро надидааст, қашанг гуфтааст, - пурсид Умар Наҷиб.
-Мехостам нуқтаи назари хешро дар ин бора баён намоям, - гуфтам ман.

  • Марҳамат, сухан ба шумо, - ба тарафи ман ишора намуда гуфт Умар Наҷиб.
    -Чун худи калимаи “қашанг” дар китоби “Фарҳанги забони тоҷикӣ” нест, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин калимаи соф тоҷикӣ нест.Шояд калимаи туркӣ ё арабӣ бошад, вале ман онро дар китоб ҷуста пайдо накардам. Аз ҳамин лиҳоз, назари мардум ба ин калима гуногун аст. Ба андешаи банда қашанг ин бонуест, ки ба ҷуз зебо будан боз лоғарандому баландқомат аст. Дар асл занҳои лоғарандом вазни зиёд надоранд. Маҳз ҳамин ҳолат қадаммонии онҳоро дар чашми бинанда зеботар менамояд ва мардум чунин намуди ҳаракатро ба ҳаракати кабк шабоҳат медиҳанд.
    Шоҳиди асосӣ шояд барои чунин ҳаракат занро қашанг ном бурдааст.
    -Муҳим он нест. ки ҳампешаи шумо он бонуи зеборо чӣ тавр ба риштаи тасвир кашидааст, муҳим он аст, ки оё мо аз рўйи ҳамон тасвир он бонуро меёфта бошем?
    -Мушкилоти кор он нест, ки ҳампешаи мо акси он бонуи аз автомашина баромадаро ба риштаи тасвир кашида наметавонад, мушкилоти асосӣ он аст, ки ҷомеаи шаҳрванди мавқеи бетарафиро ишғол намудааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан