Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 302 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 302 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Муҳтарам аҳли нишаст, шумо худ огоҳӣ доред, ки мақомоти шаҳрдорӣ он бинои ба зилзилаи чорбалла тоб наовардаро дар кўчаи Навбаҳор ба хок яксон намуда, баҳри сокинони бинои фурӯрафта дар гӯшаҳои дигари шаҳр манзили истиқоматӣ ҷудо намуд. Акнун он нафароне, ки дар ҳамсояги зиндагӣ мекарданд, бинобар тағйири ҷойи зист намудаашон ҳатто соле ҳам як бор ҳамдигарро намебинанд, вале нигоҳи ҳамаи онҳое, ки имрўз банда ҳамроҳашон суҳбат намудам, ба сар задани он фоҷиа якхела аст, ин ҳам бошад истифодаи масолеҳи ба талаботи сохтмон ҷавобгў набуда. Нафарони бо ман сари суҳбат қарор дошта иброз намуданд, ки аз қисмат ҷойи гурез нест, вале дидаю дониста сиёҳро сафед арзёбӣ намудану фоҷиаро чун натиҷаи ҳодисаи табиӣ ба қалам додан ин баробари он аст, ки рўйрост ҷинояткорро дастгирӣ менамоед. Онҳо ба суоли банда: “Модоме ки ҳолати кор чунин буд, чаро аз болои ҳукми суд шикояти кассатсионӣ набурдед?” тарзе посух гуфтанд, ки худам аз суоли додаам шарм доштам.
-Он чӣ гуна посух буд, ки боиси нороҳатии шумо шуд, рафиқ лейтенант, - пурсид Раҳмон Маҳмуд.
-Онҳо гуфтанд: “Кўҳ афтид, садое надод, пас аз сангрезаҳояш чӣ суд?”
-Боз чӣ ?
-Онҳо гуфтанд, ки зӯри мо ба ҳимоячиёни ҷинояткор нарасид, вале Оллоҳ таоло худаш ҳисобашро бо онҳо баробар кард.
-Шояд онҳо худашон? - андешаҳои хешро баён намуд сарназоратчии қонуни ноҳия.
-Аксари ҳамсуҳбатони имрўзаи ман намояндагони ҷинси латиф буданд, вале ҳеҷ кадомашон ба нишонаҳои пешниҳоднамудаи шоҳиди асосӣ рост намеомад.
-Рафиқ лейтенант, чиҳо гуфта истодааст, ман ҳеҷ чизро нафаҳмидам, - ба тарафи сардори милиса нигариста пурсид Умар Наҷиб.
-Мо аллакай дар бораи нишондоди шоҳиди ягона ва он бонуи аз автомашинаи “Тайота Ленд Крузер” беруномада сари баҳс қарор доштем ва бояд арз созам, ки шоҳид нафари аз автомашинаи зикраш дар боло рафта буруномадаро бонуи қашанг номида, ҳарчанд дар он рўзи боронӣ шоҳид ҳам рангу рўяшро надидааст, фақат хиромида-хиромида, аз автомашина дур шудани ўро дида, ба чунин хулоса омадааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан