Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 301 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 301 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шумо гуфтед, ки Шуҳрат Аваз язнаашро дар марги муфаттиш гунаҳкор карданӣ шудааст. Оё нафаҳмидед, ки чаро то кунун вай ин ҳодисаро пинҳон доштааст?
-Мутаассифона, мо имрўз имкони бо Шуҳрат Аваз вохӯрданро пайдо накардем ва бесуҳбат бо эшон ба хулосае омадан душвор аст.
-Вақт интизор намешавад ва аз фардо субҳ дер намонда аз пайи ҳамин кор шавед, - амр дод муовини аввали прокурори шаҳр.
-Беҳтар мешуд морбозро ба прокуратура меоварданд, то дар якҷоягӣ бо вай суҳбат менамудем, - андешаҳои хешро баён дошт Раҳмон Маҳмуд.
-Хуб мебуд, ки шумо ҳамроҳи муфаттиш аз пайи иҷрои супориши расмии прокурори генералӣ мешудед, - нигоҳашро ба сўи Раҳмон Маҳмуд равона сохта гуфт Умар Наҷиб.
-Дар ин самт мо хеле талошҳо намудем, вале ҳамааш бе натиҷа ва акнун умеди ягонаамон ҳамин морбоз мебошад.
-Шумо шунидед, ки Акбар Ҳакимович чӣ гуфт?
-Бале, вале бовари кас намеояд, ки ба ҷуз морбоз каси дигаре он заҳри зормондаро пайдо карда метавонист, - худро сафед карданиӣшуда гуфт прокурори ноҳия.
-Бигузор гуфти шумо шавад, муҳим он аст, ки кори якҷояи мо натиҷае диҳад, - Умар Наҷиб нигоҳи суоломези хешро ба тарафи сарвари милиса дӯхт, то бифаҳмад Воҳид Камолро чӣ ҳавое дар сар аст.
-Рафиқ лейтенант, фардо субҳ иштироки Шуҳрат Авазро ба назди прокурор таъмин намоед, ҳоло бошад, аз натиҷаи корҳои дар давоми рўз ба сомон расонидаатон гузориш диҳед, - гӯён Воҳид Камол Шукрихудои Шарифро, ки то ин лаҳза ба даҳон об гирифта буд, ба сухан гуфтан ҳидоят намуд.
-Имрўз дар асоси дастури сарвари гурўҳи тафтишотӣ дар асоси супориши ҷудогона ва рўйхати пешниҳоднамудаи прокуратура ман бо чанд тан аз зарардидагони бинои фурўрафта дар кўчаи Навбаҳор суҳбат намудам ва мехоҳам, ки аз натиҷаи он ба шумо хабар диҳам.
-Бошад, - гуфт Умар Наҷиб.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан