...12...
Чун Шукрихудои Шариф ҳангоми бозгашт хеле таъхир кард, мо ҳатто имконияти мубодилаи афкор наёфта, рост ба назди сарвари милиса рафтем.
Ба ҷуз муфаттиш ва патронаш ин бегоҳ муовини аввали прокурори шаҳр Умар Наҷиб низ омада буд.
Бо ишораи Воҳид Камол мо гузашта паси мизи дарозрўя
- дар рў ба рўйи намояндагони прокуратура нишастем.
Сараввал муовини аввали прокурори шаҳр Умар Наҷиб риштаи суханро ба даст гирифта, ёдрас шуд, ки ҳатто баъди вохўрӣ бо прокурори шаҳр дар самти корҳои ҷустуҷўйи дастоварде ба назар намерасад. Ба назар чунин менамояд, ки мо дар ҷоямон шах шуда, қобиляти ҳаракати минбаъдаро аз даст додаем. Пеш нарафтани кор ин боиси таваҷҷуҳи мақомотҳои болоӣ ба фаъолияти тахассусии мо гардидааст.
Маҳз омўзиш ва таҳлили парвандаҳои пешин ба суд фиристодаи ҳамин гурўҳро ба инобат гирифта, прокуратураи генералӣ онро талаб карда, ба истеҳсоли хеш нагирифт. Имрўз банда бо муҳтарам Воҳид Камол гуфтугўи телефонӣ доштам ва домулло маро бовар кунонид, ки сари субҳ оиди парвандае, ки баъди се сол аз худ дарак дод, хабари оперативӣ гирифтааст ва рафту хабар тасдиқ шавад, он метавонад чун киштии яхшикани атомӣ роҳкушои мо гардад. Акнун мехостам нохудои ин киштии тақдирсоз аз вазъи аслии воқеаҳо моро огоҳ созад.
-Акбар Ҳакимович, сухан ба шумо. Аминам дар давоми рўз он калобаи бе сару нӯгро ақалан ба гардиш даровардед, - гуфт соҳиби дафтари корӣ.
Аз ҷой бархоста натиҷаи кори якрўзаамро аз рўйи хабари оперативӣ, ки дар маҳаллаи олигархҳо анҷом додам, бе ягон обу ранг ба самъи ҳозирин расонидам.
-Оё шумо мутмаинед, ки морбоз дар марги язнааш даст надорад, - пурсид Умар Наҷиб.
-Ин масъала санҷиши мукаммалро тақозо мекунад, вале аз марги судя барои додарарӯсаш манфиате набуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




