Нурҳои дунболагиркунандаи офтоб дар паси қаторкўҳҳои Ҳисор паноҳ шуда истода акси шӯълаи оташи аз танўр ба рўйи бонуи нонпаз бархӯрда ва чеҳраи аз ҳарорати баланд арғувонӣ гаштаи ўро ба ёд меовард.
Роҳравон ҳам бошад, сари суҳбати хеш бо Сарвинози Аваз ба андеша рафтам. Суханрониҳои бевазан мақоли халқии “Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ”-ро ба хотирам овард.
Тайи понздаҳ соли зиндагӣ бо собиқ судя андешаронии ин бонуи деҳотиро низ дар атрофи пулу мол ба куллӣ тағйир дода буд. Ҳарчанд ў маълумоти олӣ надошт, вале бемуҳобот метавон гуфт, ки “Капитал”-и Карл Марксро аз сару бар аз ёд медонист, агар чунин намебуд, магар барои як биное, ки шояд онҳо дар сохтмонаш як тангаи пучак ҳам сарф накарда буданд, метавонист бародари ҳамхуни хешро дар чунин як ҷинояти мудҳиш домангир шавад. Суханони вай: “Ба ҷуз оне ки Шуҳрат дар милиса асрори ниҳонии хонадонӣ моро ошкор кард,” чун зарбаи путк дар гӯшам садо медоду садо. Маълум буд, ки ў аз корҳои пасипардагии нимаи дуюми хеш ба пуррагӣ воқиф буд. Нафаре, ки имрўз оҳу шеванаш гўши фалак медарид, эҳтимол боре ҳам садди роҳи луқмаи ҳаром овардаи шавҳар нашуда, баръакс шавҳарро барои чунин “чусту чолокиаш” ситоиш намуд, бехабар аз он ки нафси бадро ҳарчӣ сераш мекунад, дар гуноҳ кардан далераш мекунад. Ин далерӣ то ба ҳадде расид, ки ҳангоми дар курсии мансаб будан ҳомии қонун ба ҷойи дарёфти ҳақиқат ва пуштибонии қонунии ҷабрдидагон гунаҳкори асосӣ - ширкати сохтмониро чун мусичаи бегуноҳ аз об хушк баровард. Ҳоло ҳамаи ин чу тарафи намоёни моҳ ба назар мерасид ва ҳодисаи ба хотировардаи бародари Сарвиноз дар нисбати собиқ муфаттиши прокуратураи шаҳрӣ Далер Восит тарафи нонамоёни моҳро ба ёд меовард. Новобаста аз он ки мо ба бегуноҳии Шуҳрати Аваз бинобар дастрасӣ надоштанаш ба заҳри мори африқоӣ боварӣ доштем, вале домангирии фарзанди падар метавонист вайро ба рўйхати гумонбаршудагон шомил намояд. Дар ин самт моро дастоварде дар пеш буд ё не, ҳоло тарафи нонамоёни моҳ - ро мемонд, вале гумонбаршударо аз шарҳу эзоҳ додани суханони аз забон бӯрунгаштааш дар нисбати язнааш роҳи гурез набуд...





