Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 298 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 298 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Магар шумо намедонед?
-Чиро?
-Морбоз будани Шуҳратро?
-Не, бори аввал мешунавам.
-Замони дар донишгоҳи омўзгорӣ таҳсил намудан таваҷҷуҳи Шуҳрат ба хазандагон афзуд. Боре ў ба хона мори калонеро овард, рангаш бур, ана ҳамон моро дар қафас нигоҳ медошт, то ҳангоми бозгашт ба шаҳр онро ба донишгоҳ барад.Чӣ шуду рўзе мор аз қафас баромада гум шуд, ба ростӣ қиёмат шуд, вале морбозро аз фирори мори овардааш парвое набуд, ва ба ҷой ором намудани мардуми ба ҳарос афтода ў ҳамаро бовар кунониданӣ мешуд, ки агар мор фоидаовар намебуд, дар дунё фермаҳои морпарвариро таъсис намедоданд. Он шаб дар хона ба ҷўз Шуҳрат дигар касеро хоб набурд. Рўзи дигараш ў бо дасти луч морро аз анҷомхона дошта, боз ба қафас андохт ва сипас онро ба шаҳр бурд. Баъди ин ҳамсояҳо ба ў лақаби морбозро доданд ва вай Шуҳрати морбоз шуд.
-Мегуфтед, ки оё раис бо Далер Восит аз наздик шинос буданд?
-Онҳо аз замони донишҷўӣ бо ҳам дўсту бародар буданд.
Ману Замир чанд маротиба ба хонаи онҳо рафта будем ва онҳо низ меҳмони олиқадри ҳар як маросиму маъракаи мо буданд, ҳамаи инро Шуҳрат медонист, вале чӣ илоҷ, ки морбоз морбоз аст ва ў дидаву дониста чунин алфози бадеро ба забон овард.
-Оё шумо дар ҳақиқат дар марги шавҳар аз бародаратон домангиред?
-Заҳр ин маводи мавриди хариду фурўш қарордошта нест, пас чи тавр нафаре, ки бо мор сару кор надорад, метавонад онро пайдо намояд, аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки заҳри морро танҳо морбоз гирифта метавонад. Хуб буд ё бад, ману Замир понздаҳ сол якҷоя зиндагӣ намудем ва тайи ин муддат ман ҳам баъзе ҳолатҳои зиндагӣ ва андеша намуданро аз ў омўхтам...
Бо соҳибхона худоҳофизӣ намуда, берун баромадам.
Офтоб қариб ба ғурўб рафта буд. Дигар ба ҷойи кори Шуҳрати Аваз рафтан маъние надошт, шояд дар ин лаҳзаҳо дар мактаб ҳам касе намонда буд, вале то вохўрии бегоҳирўзӣ назди сарвари милиса хелеа вақт буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан