Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 297 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 297 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ташрифи банда ба ин хонадон на ба хотирест, ки болои сӯхта намакоб пошам, балки дар асоси дастури идораам мехоҳам мўйро аз хамир ҷудо намоям. Акнун ҳамааш ба шумо, ба қарзи шаҳрвандии шумо вобаста аст. Ман донистан мехоҳам, ки чаро бародаратонро дар содир намудани як ҷинояти мудҳиш гунаҳкор карданӣ шудед.
-Чун бародар дар нисбати худораҳматии язнааш суханони нохуш гуфт, аз ҷониби банда низ посух нохуш омад.
-Донистан мехостам, ки барои кадом каломи гуфта чунин посухи сахтро нисбати бародаратон раво дидед.
-Ба ҷуз оне, ки Шуҳрат дар милиса асрори хонадони моро ошкор кард, ў боз язнаашро дар фоҷиаи ба сари собиқ муфаттиш Далер Восит омада гунаҳкор карданӣ шуд, ҳол он ки кулли мардум бар он назаранд, ки аз қафои шахси фавтида ё сухани нек бигў ё хомўш бош.
-Он чӣ асрорест, ки боиси мушаввашии хотири шумо гашт?
-Шуҳрат дар милиса гуфтааст, ки ҳамин ҳавлӣ танҳо ба ном моли ўст, вале дар асл он моли шахсии Замир Собир аст.
-Оё дар асл чунин нест?
-Дар асл ҳамин хел аст, вале чунинашро ман интизор набудам, ки фарзанди падар моро ҳамин хел ба осонӣ мефурўшад. Замир ҳамеша таъқид мекард, ки аз киштии ғарқшудаистода аввалин шуда кӯрмушҳо фирор мекунанд.
Баъди фоҷиаи ба сари хонадони мо омада бародари ҳамхуни ман аввалин шуда бо милисаҳо забон як намуда язнаашро фурӯхт.
-Гуфтед, ки раисро дар марги Далер Восит низ гунаҳкор намудааст, донистан мехостам аз кадом лиҳоз чунин айбро ба гардани язнааш бор карданӣ шудааст?
-Инашро ман намедонам, вале кулли ҳамсояҳои суханчин айбномаи ба унвони язнааш ирсолнамудаашро шуниданд. Ҳайфи меҳнатҳои Замир. Ў қадри Шуҳратро аз бародарони ҳамхунаш боло медонист. Кошкӣ зинда мебуду мешунид, ки дар қалби ин морбоз чӣ нафрате нисбаташ ниҳон будааст ва ў дар ҳақаш чиҳо гуфт.
-Морбоз гуфта киро дар назар доред? - худро ба нодони зада пурсидам ман.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан