-То ҷое мо огоҳӣ дорем, дар нишондоди аввалаатон шумо ба ҳама саволҳо ҷавоби инкор додаед.
-Дуруст.
-Ҳангоми таҳлили нишондоди шумо аъзоёни гурўҳи тафтишотӣ ба хулосае омадаанд, ки дар пурсиши шумо ба шитобкорӣ роҳ додаанд, чунки марги ҳамсар барои нимаи дуюми ў таҳаммулнопазир аст ва ба гумон аст шумо дар он лаҳзаҳо тавониста бошед, ки саҳфаҳои хотироти хешро объективона варақгардон намоед.
-Шояд чунин ҳолатҳо ҳам рух диҳанд, вале на дар чунин шакл.
-Шуморо нафаҳмидам.
-Калавиши хотира танҳо дар ҳолати пурра умедро аз даст надодан рух доданаш мумкин, вале дар вазъе, ки ман қарор доштам, ба гумон аст, чунин як таконе рух диҳад, аз ҳамин лиҳоз хуб мешуд, ки тафтишот ҳамон нишондодро мепазируфт ва болои сӯхта намакоб намепошид.
-Нишондоди аввалаатон чун як ҷузъи парвандаи ҷиноӣ боқӣ мемонад, вале тафтишот боз ба ёрии иловагии шумо ниёз дорад. Бояд ёдрас шавам, ки тафтишот ҳамарўза қазияи мазкурро дунболгирӣ дорад ва моро маълумотҳое дар даст аст, ки шарҳу эзоҳи он дар дасти шумост.
-Хуш, он чӣ гуна маълумоте будааст?
-То ҷое мо огоҳӣ ёфтем, дар марги ҳамсар шумо яке аз пайвандони хешро гумонбар донистаед.
-Ана гап дар куҷо будааст. Гумон надоштам, ки ҷанҷоли одии хоҳару бародар боиси таваҷҷуҳи милиса мегардад.
-Сухан ҳам зер дораду ҳам забар ва он ҷанҷоли одие, ки байни шумо ва бародаратон гузаштааст, аз муҳити хонаводагӣ берун баромадааст. Дар чунин ҳолатҳо сухан, албатта, шунавандагони нави хешро пайдо мекунад.
-Худораҳматии Замир ҳамеша таъқид мекард, ки сирри дилатро бо овози шунаво, ҳатто ба куртаат магўӣ, чунки девор муш ва муш гўш дорад.
-Акнун онҳое, ки гўшу ҳуш ба суханони шумо дода ва шунидаҳои хешро чун қарзи шаҳрвандӣ ба гўши милиса расонидаанд, боз гўш ба қимор нишаста, донистан мехоҳанд, ки мақомоти милиса аз рўйи хабари додаашон чӣ чораҳо андешид.





