Вай зани тахминан 35-40-солаи миёнқади гандумгуне буд.
-Шуморо гӯш мекунам, - нигоҳашро ба замин дӯхта гуфт вай.
-Ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов, - гӯён ман шаҳодатномаи хизматиамро кушода, нишон доданӣ шудам, вале соҳибхона ба ҳуҷҷати дар дастам буда нимнигоҳе ҳам накарда гуфт:
-Бовар мекунам.
Ман мақсади ташрифамро баён намудам.
-Марҳамат, гузаред, - гӯён соҳибхона каме ба қафо рафта, ба ман имконияти ба ҳавлӣ даромадан дод. Дар як нигоҳ ҳам бошад банда бори дигар ба қитъаи замине, ки атрофаш ба хотири аз чашми бадбинон эмин доштани он қасри бошўкуҳ бо девори баланд иҳота шуда буд, чашм дӯхтам.
Аслан ба ҷуз масолеҳи сохтмонӣ, ки ҷо-ҷо рехта ва ё болои ҳам чида шуда буданд, ман нишонеро чун мӯъҷизаи дасти инсон дар фасли баҳор надидам. Дурустараш касе аз сокинони ин “Тоҷмаҳал” ба хотири сабзиш донаеро ба замин накошта буд.
Соҳибхона бандаро то яке аз ҳуҷраҳои ошёнаи якум, ки шояд дар замони дар қайди ҳаёт будани Замир Собир ёру дўстони наздикашро қабул мекард, гусел намуда хост аз рўйи таомули меҳмондори бароям чой биёрад, вале ман камии вақтро баҳона намуда ҳамоно ба сари мақсад омадам.
-О, ин чӣ хел мешавад?
-Ҳамааш нағз мешавад.
-Набошад, гўшам ба шумо.
-Боиси таассуф аст, ки дар самти корҳои ҷустуҷўйи аз рўйи ҳодисаи ба сари ҳамсари шумо омада то кунун моро дастоварде нест. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву бандаро то кошонаи шумо раҳнамун сохт ва мо донистан мехостем, ки оё бонуи хонадон дар ҳодисаи ба сари шавҳар омада аз ягон кас гумонбар ҳаст?
-Андешаҳои хешро дар ин бора ман аллакай ба муфаттиши прокуратура баён намудам.





