-Чӣ хел?
-Бо амри сардори ШКД бояд ман аз рўйи маълумотномаи овардаи шумо санҷиш гузаронам, шумо бошед, рафиқ лейтенант, аз пайи ҳамон ҳодисаи таърихи се сола дошта шавед, - гўён ман аз ҷой бархестам.
Баробари аз бинои милиса берун шудан ману Шукрихудои Шариф худоҳофизӣ намуда, ба самтҳои муқобил ҳаракат намудем.
Ҳарчанд ҳавои охири моҳи апрел ниҳоят фараҳафзо буд, вале тангии вақт имкон намедод, ки банда дар кўчаҳои шаҳр қадам занам. Аз истгоҳи тарафи муқобили бинои милиса ба нақлиёти шаҳрӣ нишаста, ба маҳаллаи олигархҳо рафтам. Ба маҳаллае рафтам, ки девори хавлии яке аз дигаре баландтар буд ва шояд сокинони дар паси ин деворҳои осмонбӯс маскан гирифта эътиқод бар он доштанд, ки девор онҳоро аз чашми баде ҳифз хоҳад кард, ё кӣ медонад онҳоро чӣ андешае дар сар буд, вале ман боз ҳамон мақоли русӣ: “Чем высше забор, тем лучше соседы” - ро ба ёд оварда тугмачаи занги пушти дарвозаеро пахш намудам...
... 11 ...
Таваҷҷуҳи инсоният ба рафти ҳодисаҳои дар атроф рухдода ниҳоят гуногун аст. Яке дар талоши ҳақиқат хуни дил хӯрдаву талош меварзад, дигаре бархилофи меъёрҳои умумиинсонӣ ба хотири аз варта бурун овардани гунаҳкор дастак мезанад, сеюмӣ бо як таваҷҷуҳи хосае аз асли ҳодисаҳои рухдода воқиф шудан мехоҳад, чорумӣ ба хотири ҳаққи ҳамсоягӣ аз гуфтани сухани ҳақ худдорӣ мекунад.
Ҷаҳду талошҳои банда низ дар атрофи хабари оперативӣ айнан чунин натиҷа дод ва агар дастоварду нокомиҳои бандаро дар самти корҳои ҷустуҷўӣ аз рўйи фоиз баҳогузорӣ намоем, панҷоҳ дар панҷоҳ. Дар чунин ҳолатҳо хеле душвор аст муайян намудан, ки ҳақ ба ҷониби кист. Баъди ҷаҳду талошҳои зиёде баҳри рӯшании бештаре андохтан ба рафти ҳодисаҳо зарурияти дубора рафтан ба он қасри мавриди баҳси бародару хоҳар қароргирифта пеш омад...
Дарвозаро ба рўям ҳамсари собиқ судя боз намуд.
Ҳарчанд ман боре ҳам вайро наздик надида будам, вале пероҳану рўймоли сиёҳаш худ муаррифгари ў ва рўзгори талхаш шуд.





