Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 293 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 293 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳамин хел, рафиқ майор.

  • Воҳид Камол бошад, мехоҳад мо ҳарчи тезтар аз пайи ҳамон хабари овардаи худат шавем ва Худо накардаву он хабар ба дасти рўзноманигорони хиёбонӣ расад.
  • Сухан танҳо дар ҳолате арзиш дошта метавонад, ки дар асоси факту рақамҳои раднашаванда ба қалам дода шавад.
    Рўзноманигорони хиёбонӣ бошанд, чунин далелҳо надоранд ва ба гумон аст, ки бе далелҳои кофи ба амале, ки оқибаташ ноаён аст, даст зананд. Охир ин баробари теша ба пойи хеш задан аст.
  • Пас агар чунин аст, оё метавонем умед бар он бандем, ки каломи аз забони Шуҳрат Аваз дар нисбати язнааш буруномада арзише дорад?
  • Аз нигоҳи мантиқ, Шуҳрат Аваз дар ҳолати эҳсосот чунин алфозро ба забон овардааст ва бе санҷиши мукаммал қабули он ҷоиз нест, вале мо наметавонем ба каломе, ки шунавандагони хешро пайдо намудааст, аз паси панҷа нигарем. Дар он сурат мо нисбат ба вазифаи хеш хунукназарӣ зоҳир мекунем ва барои чунин амал дар қонун ҷазо пешбинӣ шудааст.
  • Афсӯс ки омўзгори муҳтарам, каломи гузаштагони хеш: - “Замоне дар тағофул беҳ, ки умре дар пушаймонӣ” -ро дар он лаҳзаҳо ба гўшаи хотир наовардааст.
  • Акнун ў маҷбур аст, ҳама он гуфтаҳои хешро шарҳу эзоҳ диҳад, дар акси ҳол вайро аз ҷавобгарӣ роҳи гурез нест.
    -“Замоне дар тағофул беҳ, ки умре дар пушаймонӣ” дубора сухани лаҳзае пеш гуфтаи хешро такрор намудам ман.
    -Акнун чӣ бояд кард?
    -Дигар вақти тағофул нест. Аз пайи кор мешавем. Ҳа, дарвоқеъ то соати 20.00 моро лозим аст, дар ҳама самтҳо дастоварде дошта бошем, хоҳ он мусбӣ бошад, хоҳ манфӣ.
    -Зид набошед, дар асоси рўйхати пешниҳоднамудаи муфаттиш ман ба ҷустуҷўйи сокинони бинои харобгашта меравам, шумо бошед дар асоси хабарҳои оперативӣ маълумот гирд оваред.
    -Тақсимоти одилона, нигоҳатон бо нигоҳи Воҳид Камол дар самти корҳои ҷустуҷўйи аз як хати буриш мегузаштагӣ барин.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан