-Ҳоло вай дар куҷост?
-Кӣ?
-Шукрихудои Шариф.
-Вай ба назди муфаттиш рафт.
-Чӣ, ягон супориш буд?
-Намедонам, вале муфаттиш ўро ҷеғ зад.
-Набошад, тезтар аз пайи санҷиши ин хабари овардаатон шавед, нашаваду боз кадом як корманди гумноми дигар бо ВАО сари суҳбат нишинад.
-Итоат! - гўён ман аз ҷой бархоста ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намудам.
Соате пас Шукрихудои Шариф аз прокуратура баргашт.
Дар бораи натиҷаи корҳои хеш мо лаҳзае мубодилаи афкор намудем.
-Муфаттиш бар он назар аст, ки мо бояд бо сокинони он бинои фурўрафта аз нав суҳбат намоем.
-Оё муфаттиш хабар дорад, ки он биноро аз таҳкурсияш канда, тахту ҳамвор намуданд.
-Бале, ў гуфт, ки тахту ҳамвор кардани он муҷассамаи ҳайбат иқдоми беҳтарини мақомоти шаҳрдорист. Ба андешаи муфаттиш шаҳрдорӣ на танҳо он бинои ба талабот ҷавобгӯ набударо тахту ҳамвор кард, балки ба ҳамаи сокинони бино дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр манзили истиқоматии нав дод.
Шукрихудои Шариф аз дохили ҷузвдони дар дасташ буда чанд коғазеро бароварда, болои мизи кории ман гузошт.
-Ин чист?
-Рўйхати сокинони ҳамон бино, ки акнун дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр зиндагӣ мекунанд.
Бо имои даст ба ҳамсуҳбатам, ки ҳанўз чун аломати хитоб рост меистод, ишораи нишастан намуда худ чашм ба коғазҳои овардааш дўхтам. Дар рўйхат ному насаби чилу ҳашт нафар сокинони бинои аз зилзила харобгашта оварда шуда буд, ки дар рў ба рўи дувоздаҳ нафарашон бо қалам ҳалқачаҳо гузошта шуда буд. Ин ҳалқачаҳо ба кадом хотир гузошта шудаанд?
-Муфаттиш хоҳиш кард, ки ҳангоми пурсиш ба нишондоди ҳамин нафарон бештар таваҷҷуҳ намоем.
-Ҳоло ҳамин хел гўед.





