-Не, не, чунин нест. Рўзноманигороне, ки бо чунин усул кору фаъолият мекунанд, навиштаҳояшон якрангу якмароманд, чунки онҳо аз гуфтани сухани ҳақ метарсанд, яъне таваккалро хуш надоранд, вале онҳое, ки бо неруву дониши хеш боварӣ доранд, ба рафти ҳама гуна ҳодиса бо чашми ҷаҳонбин нигоҳ мекунанд. Агар дар хотир дошта бошед мақолаи ҳамон Маъруф Остон “Коррупсияро бо пурбин наҷўед” чӣ таҳавулоте дар байни ҷомеаи кишвар ба бор овард?
-Дар ёдам ҳаст, вале чунин рўзноманигорон ангуштшуморанд. Ҳатто мақолаи “Мукофоти амал” низ аз рўйи иттилои кадом як корманди гумноми мақомотҳои тафтишоти рўйи чоп омада буд.
-Ман ба касбияти рўзноманигоре чун Маъруф Остон, ки ҳатто дар рехтани хуни нафаре даст дошту ҷазои қонунии хеш гирифт, бештар арҷ мегузорам, нисбат ба нафаре, ки дар уштур савор асту дар куфаш пинҳон. Чунин нафарон аз гурге дар ҷомаи меш беш нестанд. Ман донистан мехоҳам чаро рўзномаи “Айём” ба марги сохтмончӣ яку якбора таваҷҷуҳ зоҳир намуд, вале баъди овозаҳои кўчагӣ ҳам воқеаи як сол пештар бо муфаттиш Далер Восит рухдодаро ба гушаи фаромӯшӣ додааст.
-Инсон танҳо дар ду ҳолат метавонад боиси таваҷҷуҳ ё вирди забони атрофиён гардад. Яке аз ин ҳолатҳо амали нек ва дигаре амали бад. Мухтор Саттор низ дар ёди атрофиён бо амали зишташ, ки боиси марги ҳашт нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз бист нафар гардида буд, боқӣ монд.
Новобаста аз он ки ў аз ҷазо гурехт, вале аз нафрати мардум гурехта натавонист, чунки акси он духтари ҳаждаҳсола бо зерматни “Духтаре бо вашми гули лола” то ҳанўз аз ёди мардум зудуда нашуда буд. Дар марги он бонуи ноком нафароне гунаҳкор буданд, ки қисме аз масолеҳи сохтмониро фурӯхта ва ё аз масолеҳи камсифати ба талабот ҷавобгӯ набуда истифода бурданд. Мақомотҳои тафтишотию судӣ бошанд, роҳбари асоси ширкати сохтмониро чун мусичаи бегуноҳ аз об хушк бароварданд ва бо ин амали ноҷои хеш нафрати умумро нисбати нафари аз ҷазо гурехта бештар намуданд.





