...10...
-Аҷиб, хеле аҷиб.
-Чияш аҷиб?
-Аҷибаш он ки то кунун ходимони он рўзномаи ҷанҷолӣ, чӣ буд номаш?
-Рўзномаи “Айём”.
-Ҳа, ходимони рўзномаи “Айём” то кунун биниашонро ба ин сӯрохӣ нахалондаанд, ё онҳо аз ин гапу калочаҳо хабар надоранд?
-Намедонам.
-Дар ёд дошта бошед, чанд сол пеш ходими ҳамин рўзнома Маъруф Остон ба ҷиноят даст зад13.
-Дар ёдам ҳаст, рафиқ полковник, ба фикрам дар он парванда муовини сардори РКД-и шаҳри Ховарон низ ҳамчун иштирокчӣ боздошт шуда буд.
-Дуруст, айнан чунин буд, вале набояд аз хотир баровард, ки рўзномаи “Айём” маҳз бо навиштаҳои хомаи Маъруф Остон шӯҳратёр гашт. Сад афсӯс, ки зиндагӣ миёни чунин як рўзноманигори поктинату некназарро низ бишикаст.
-Зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад.
-Чун рўзноманигор инсони пок буд, пули ҳаром ба дарди вай дармон нашуд.
-Пули ҳаром аслан ба касе вафо нахоҳад кард. Исботи инро дар ҳодисаҳои кунунӣ низ метавон дарёфт. Рафту агар суханони Шуҳрат Аваз дар нисбати язнааш рост бошанд, пас дар ҳимояи роҳбари ширкати сохтмонии “Фаришта” муфаттиш ва судя аз рўйи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда даст зада буданд.
-Бе далел хулоса баровардан хатост, рафиқ майор.
-То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
-Шохи дарахтро як сў гузошта, ба ман гўед, ки чаро ВАО хомӯш аст.
-Чунки ВАО тамоми хабарҳои хешро аз руйи иттилои мақомотҳои тафтишотӣ бо каме обу ранг тарҳрезӣ мекунанд, на аз хабарҳои кўчагӣ.
13 Нигар ба романи бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азиз «Рўзгор оинаро…».





