Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 289 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 289 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чунки ман аллакай ба тафтишот асли воқеаро гуфтам ва дигар ин ҷову ҷалол барои ман бегона аст.
-Пас мо чӣ кор кунем? Худат медонӣ, ки мо ҳатто нахӯрдаву напўшида тамоми сармояамонро дар сохтмони ин хона сарф намудем.
-Беҳтар мешуд, ки ба прокуратура рафта, дар ин бора ба муфаттиш мегуфтӣ. Давлат ҳамаашро ҳисобу китоб карда мебарояд. Дигар аз дасти мо чӣ меояд, гумон мекунам ҷойи таассуф ҳам нест.
-Нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмост, мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки бодовардаро боз мебарад бод, - гўён Шуҳрат ба баҳси бемаънӣ нуқта гузоштани шуда, ба самти кўчаи калон ҳаракат намуд, вале суханони навбатии фарзанди падар: “Эй морбози қотил, ист!” - ўро ба дубора тавоққуф намудан маҷбур кард.
-Боз чӣ мехоҳӣ, аз роҳ баргашта пурсид бародар.
-Ман, м...м...м...а...а...а...н... - аз қаҳру ғазаб Сарвиноз чӣ гуфтанашро ҳам намедонист. Сўзиши алангаи оташро танҳо буттаи оташгирифта медонад ва бародар ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварда буд, ки вуҷуди хоҳар чун чўби тар дарун ба дарун месўзад ва ҳама ин доду фиғонаш аз дуде беш нест. “Боз чӣ мехоҳӣ?” гуфтани бародар мисли шамоле дар аланга задани ин чўби нимсўз шуд...
Онҳое, ки бо ҳар баҳона ба тамошои “сӯхтор” баромада буданд, маҷбур шуданд, хоҳари бағазабомадаро, ки аз гиребони фарзанди падар дошта, хунбаҳои шавҳарро талаб мекард, аз бародари хуниаш ҷудо созанд. Савғои ҷангу ҷанҷол кўлчаву ҳалво не, балки посухест ба сухани шунида ва Шуҳрати Аваз низ дигар ба “тирҳои аз таппонча ба сӯяш парондаи” фарзанди падар тоқат накарда, беихтиёр милли “тӯп”-ро ба тарафи хоҳар рост намуда, қулангро зер кард...Гулӯлаи аз милли тӯп буруномада на танҳо қалби хоҳар, балки қалби ҳамаи “тамошобинони сӯхтор”-ро шикофт...Бародар язнаашро дар марги муфаттиш айбдор намуд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан