Хоҳар шӯру валвала бардошт ва ба хотири эҳтироми руҳи волидайн Шуҳрат аз он қасри кошӣ берун шуд, гумон дошт, ки Сарвиноз ба худ меояду аз гуфтаҳояш пушаймон мешавад, вале ин ҳама як хаёли хоме буду бас. Сарвиноз ҳам доду войкунон аз қафои бародар аз дарвозаи ҳавлӣ берун баромад ва чун шӯру валвалаи вай гўши фалак бидарид, чанд нафаре аз бошандагони маҳалла аз манзилҳои хеш берун шуданд, мисли оне, ки ба “тамошои” сўхтор мебароӣ...
Шуҳрат Авазро ба ҷуз таваққуф намудан илоҷе набуд, дар акси ҳол шояд ҳамсояҳо ба суханони Сарвиноз бовар намуда, ўро қотили язнааш мепиндоштанд.
Андоза нигоҳ дор, ки андоза накўст - гуфтани мардумро хоҳар ба гўшаи фаромўшӣ дод ва бародар низ барошуфт.
-Пеш аз оне ки фарзанди падарро дар марги падари фарзандонат гунаҳкор созӣ, оё боре андеша накардӣ, ки ба кадом мақсад ман қасди ҷони язнаам мекардам ва чаро ман бе асос худро дар рехтани хуни ноҳақ гунаҳкор мекардам, чаро?
-Ту мехоҳӣ ин хонаву дарро соҳиб шавӣ.
-Дар асоси ҳуҷҷатҳо ман дар ҳақиқат соҳиби ин ҷову ҷалолам.
-Боз мегўӣ, ки ба кадом хотир, ана оқибат худат ҳам иқрор шудӣ, садқаи некиҳои Замир шавӣ! Охир ў туро аз бародарони худаш эҳтироми бештар мекард, нокас.
-Ман аллакай асли воқеаро ба милиса гуфтам.
-Гуфтӣ, ки вайро тариқи заҳри мор ба ҳалокат расондӣ?
-Не, ман иқрор шудам, ки язнаам ин қасри коширо бо кадом маблағи муфте сохта ва барои ба чашми давлат хок пошидан онро ба номи банда ҳуҷҷатгузорӣ кард.
-Ва ту шарм накарда, ҳамин хел гуфтӣ?
-Ҳа, ҳамин хел гуфтам, дигар чӣ ҳам мегуфтам, агар дар хотират бошад, қиблагоҳамон ҳамеша таъқид мекарданд, ки ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон ва хуб мешуд, ки худат ҳам ба назди муфаттиш рафта ҳақиқати ҳолро мегуфтӣ!
-Не, ман ба ҳеҷ куҷо намеравам! Ҳавлиро бошад худат рафта, ба номи ман мегузаронӣ, - амр дод хоҳар.
-Ин ғайриимкон аст.
-Чаро?





