Аслан нафаре, ки таваҷҷуҳи милисаро бедор карда буд, муовини директори МТМУ буда, ба шогирдон аз фанҳои химия ва зоология дарс медод. Мо ҳатто чанд рўз пеш бо эшон сари суҳбат қарор доштем ва бо азобе тавонистем вайро бовар кунонем, ки бо чунин даромади хурд ин гуна бинои боҳашамат сохтан ғайриимкон аст. Дар интиҳо вай ҳам хатои хеш фаҳмиду ҳақиқатро баён кард. Ин ҷо бошад хоҳараш ўро дар чунин як ҷинояти вазнине домангир шудааст.
Сарвиноз бародараш Шуҳратро бар он гунаҳкор карданӣ шудааст, ки ба ҷуз ў дигар касе имкони чунин заҳрро пайдо кардан надошт, чунки дар умри кўтоҳи хеш вай ба ҷуз бародар касеро надидааст, ки бо дасти луч морро дошта бошад.
Сарвиноз ҳатто ҳамсояҳояшро бовар кунониданӣ шуда гуфтааст, ки Шуҳрат дар солҳои донишҷўиаш борҳо морҳоро шикор карда, баҳри таҷрибаомўзӣ ба хона меовард ва боре дар хонаи падар як мор аз қафас берун шуда, ҳамаро ба таҳлука андохта. Пас аз доду мағали аҳли хонадон, ки аз тарси мори фирорӣ ҷой нишаст намеёфтанд, Шуҳрат ба ҷустуҷўӣ мор бархеста бо дастони луч онро аз анҷомхона дошта оварда, дубора ба қафас андохтааст...
Чун хоҳар аз қобилияти фавқулодаи бародар огоҳӣ, доштааст, ба хотири пос доштани руҳи шавҳар оини фарзанди падариро ба гўшаи фаромўшӣ дода, аз бародар домангир шудааст. Зиндагӣ худ тақозо мекунад, ки инсон пеш аз каломеро ба забон овардан онро аз сару бар дар мизони ақл баркашида ва чун вазни сухан дар чаҳорчўбаи хирад, ки онро андоза ҳам меноманд, ҷо ба ҷо шуд, ба забон оварад, дар акси ҳол посух ҳам нохуш хоҳад шуд.
Суханони хоҳар дили бародар бишикофт ва навҳаеро, ки саропо моломоли дард буд, аз ин қалби шикаста берун овард.
-Ман хеле мутаассифам, ки айбномаи фарзанди падарро аз забони ҳамсояҳо мешунавам, - ба назди хоҳари иҷоранишинаш даромада гуфт “соҳиб”-и он қасри кошӣ.
Гумон дошт хоҳар гуфтаҳои хешро инкор мекунад ва аз бародар узр мепурсад, вале ҳамааш баръакс шуд, мисли оне, ки ба равғани доғшудаистода об мерезӣ...





