Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 286 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 286 аз 499 · 2 ноябри 2026

Шояд сабаби ҳамаи ин печ дар печии нишондодҳо буд, ки торҳои танидаи тортанакро ба ёд меовард. Собиқ прокурори шаҳр “Фикри айбдорӣ”-ро тасдиқ намуда, парвандаро барои ислоҳи камбудиҳо барнагардонида, онро дар шакли қариб хом ба суд ирсол намуда буд. Маҳз ҳамин ҳолат асос шуду ҳимоячӣ тавонист зерҳимояаш Мухтор Сатторро қариб бе душворӣ аз варта берун орад. Чун аллакай қариб ҳамаи гунаҳкорон ҷазои хешро гирифта буданд, зарурияти гузоштани баҳои объективона ба рафти ҳодисаҳо ҳангоми таҳлил пеш омад.
Сари мизи корӣ нишаста, андешаҳои хешро дар атрофи ҳодисаи мазкур дар шакли гузориш ба номи роҳбари идора ва дар шакли мактуби расмӣ аз номи сарвари милиса ба унвони прокурори шаҳр ба қалам додам.
...9...
Пайвастагии асосиро дар муносибати се ҷабрдида (судя, сохтмончӣ ва муфаттиш), ки мутеи нафс гаштаву аз сари роҳашон баромадани секунҷаи Бермутро надиданд, лейтенанти милиса Шукрихудои Шариф пайдо кард. Ҳар он чи ки ин субҳ лейтенанти милиса ба ман гуфт, ба ақл рост намеомад, вале чӣ илоҷ, ки баъди хатми донишгоҳ давлат вазифаи масъулеро ба ў бовар намуда буд. Шояд нафари дигаре ба ҷойи вай мебуд, бо чунин дастовард рост ба назди сарвари милиса мерафт, вале шогирди банда дар ин ҷода марди пиёда буд. Бисёре аз ҳамкорон ин хислати лейтенанти ҷавонро мепазируфтанд ва ҳатто дар ғайбаш арҷ мегузоштанд ва банда низ дилу бедилон сари гуфтаҳои ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба андеша рафтам...
Дар асоси хабари оперативӣ бонуи “ иҷоранишин” Сарвинози Аваз бародари хеш Шуҳрати Авазро дар марги ҳамсараш Замир Собир гунаҳкор карданӣ шудааст. Рост гуфтаанд, ки некӣ ба паёмбари Худо вафо накардааст ва нафаре, ки ҳамроҳи ҳамсари соҳибмансабу фарзандони ноболиғаш дар кулбаи бародар умр ба сар бурдааст, ба ҷойи изҳори сипосу миннатдорӣ аз гиребони бародар гирифтааст.
Бубинед, ба ивази некӣ бадӣ, дигар чӣ хам метавон гуфт. Дар асл мегўянд, ки кабк аз овози худаш ба қафас меафтад, ин ҷо бошад хоҳар бародари хешро аз руй қобилияти фавқулодааш дар марги шавҳар гумонбар шудааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан