Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 285 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 285 аз 499 · 2 ноябри 2026

Аз рўйи ҳуҷҷатҳои БДА автомашинаи тамғаи “Волво”ронандааш Далер Восит дар ҳолати мастӣ, бинобар баланд будани суръати автомашина, имконияти дар гардиш тоб хӯрдан наёфта, ба ҷарӣ рафта буд...
Ба ақл рост намеомад, ки муфаттиш, - нафаре, ки бояд ҳамеша дар доираи қонун амал намояд, маст шудаву ба сари чанбараки автомашина нишаста бошад, вале ҳуҷҷатҳои тиббӣ баёнгари аслии воқеаи рухдода буданд. Агар дар садамаи автомобилӣ маҳз ронандаи сархуш гунаҳкор буд, пас ў аллакай ҷазои хеш аз Офаридгор бигирифт, вале агар дигаре дар ин амал даст дошт, пас ў ҳама ҳолатҳоро ба инобат гирифта, ки ба ҷуз поймолкунандаи адолат дар ин садама касе зарар набинад. Рафту агар садамаи нақлиётӣ аз рўйи нақшаи тарҳрезишуда ба вуқўъ пайваста бошад, метавон гуфт, ки қотил ҳанӯз пурра симои инсонии хешро аз даст надодааст.
Аслан бо чунин тарзу усул аз адолат пуштибонӣ намудан маъние надорад, вале чӣ илоҷ, ки нафари ба чунин амал даст зада аллакай пой болои қонун гузошта буд. Акунун ҳаракатҳои эшон оби рехта ва шишаи бишкастаро ба ёд меовард, ки дигар ҷамъ ё пайванд кардани онҳо ғайриимкон буд. Моро танҳо дар парвандаи таърихи беш аз сесоладошта як ҳолат ором мекард, ин ҳам бошад набудани нафари дигаре, ки дар марги сокинони он бинои ба зилзилаи чорбалла тоб наоварда гунаҳкор бошад. Ин ҳама андешаи шахсии мо буд ва мо намедонистем рақиби дар самти муқобил нишастаамонро чӣ ҳавое дар сар буд.
Ҳолати ба вуқўъ пайваста тақозо мекард, ки фаъолияти аъзоёни гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ чи дар алоҳидагӣ ва чи дар якҷоягӣ санҷида шуда, баҳогузорӣ карда шавад. Аз ҳамин лиҳоз, бояд аъзоёни гурўҳ ҳар бегоҳ соати 20.00 аз натиҷаи кори хеш ба роҳбарияти идораашон ҳисобот медоданд. Аз рўйи нақшаи кор сардори гурўҳи тафтишотӣ худи муфаттиш ба омӯзиши ҳуҷҷатҳо аз рўйи ҳодисаи дуюм, ки Мухтор Саттор ҷони хеш аз даст дода буд, машғул буда, омўзиш ва таҳлили парвандаи таърихи се сол доштаро ба зиммаи ман гузоштанд.
Ҳарчанд омӯзиши парванда чандон душвор ҳам набуд, вале таҳлили он мушкилоти ҷиддиеро ба бор овард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан