Ин ҳама як муаммои сарбастаро мемонад, вале ҳар амалӣ неку бадеро, ки инсон анҷом медиҳад, сараввал дар мизони ақл ё худ шуур бармекашад. Чун инсон аз нигоҳи қонунҳои амалкунанда ба зиндагӣ нигоҳ мекунад ва ҳамин қонунҳоро парастиш мекунад, пас ў ҷўёи ҳақиқат аст ва чун онро дарнаёфт, баҳри ислоҳи он ки мо ҳамагон адолаташ меномем, дасту остин бар зада, мардумро баҳри дифои адлу инсоф ҳушдор месозад...
“Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,” - гуфтагӣ барин баъди машварат дар ҳузури прокурори шаҳр моро лозим омад, ки ба ҳодисаи ба зилзилаи чорбалла тоб наовардани қисме аз бинои баландошёна дар кўчаи Навбаҳор, ки таърихи беш аз сесола дошт, аз нав баргардем. Нигоҳи нав ба ҳодисаи таърихӣ беш аз сесола дошта, дар рафти корҳои ҷустуҷўию тафтишотӣ назарияҳои гуногунро пеш овард, ки яке аз онҳо поймол шудани адолати иҷтимоӣ буд.
-Омўзиш ва таҳлили парванда нишон медод, ки аз нигохи юриспруденсия тафтишот бо кадом сабабе хишти аввали парвандаро ноҷо гузоштааст, ки дар интиҳо ин боиси аз ҷазо гурехтани роҳбари ширкати сохтмонии “Фаришта” Мухтор Саттор гардида. Новобаста аз оне ки дар ин қазия чанд тан аз кормандони сохтмон ҷазо гирифта буданд, вале аз ҷазо озод шудани роҳбари асосии ширкати сохтмон боиси гапу калочаҳои зиёде шуда. Аз он ки аз рўйи ҳукми додгоҳ ба мақомоти болоиашон шикояти касатсионӣ набурданд, метавон ба хулоса омад, ки пайвандону наздикони ҷабрдидагон мақоли халқии “Аз тақдир роҳи гурез нест”-ро ба ёд оварда, Мухтор Сатторро ба ҳолаш гузоштанд, вале ин амал боиси ранҷиши хотири нафари адолатпешае гардидаву эшон баҳри ислоҳи он ки ба андешаи вай муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ онро поймол намуда, теша бар решаи адолат зада буданд, камари ҳимат барбаста. Нафаре, ки таҳкурсии ин парвандаро гузошта буд, як сол пеш дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Дар ҳодисаи нақлиётӣ нафаре, ки барои дарёфти ҳақиқат дасту остин барзада буд, даст дошт ё не, касе намедонист, вале як ҳолате ки моро ором гузошта наметавонист, ин дар сари чамбараки автомашина танҳо будани собиқ муфаттиши прокуратураи шаҳрӣ Далер Восит буд.





