Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 283 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 283 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чун мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ба кишвар ворид намудани заҳри мори бумслангро рад намуданд, мо ба хулосае омадем, ки он тариқи қочоқ ба дасти қотил расидааст. Муаммои асосии ин амал он буд, ки қотил ба заҳри море, ки неши хешро аз зоологи машҳури амрикоӣ Карл Паттерсон Шмит ҳангоми омӯзиши ҳаёти хазандагон дареғ надоштааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. Гумон мерафт, ки қотил дилбохтаи ҳаёти сокинони муқими қитъаи Амрико: -апачҳо аст. Таърих шаҳодат медиҳад, ки маҳз ҳамин қабилаи зардпӯстҳо баҳри дифои сарзамини аҷдодии хеш аз бегонагон ҳангоми задухурдҳои мусаллаҳона нӯги сарнайзаашонро бо заҳри морҳои хатарнок олуда менамуданд ва нафари аз чунин тир ё нӯги сарнайза ярадоршуда дигар ҷон ба саломат бурда наметавонист. Асрҳо боз мардуми ориф каломи “Душманат гар паша бошад, камтар аз филаш мадон”-ро мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор дода ва бубинед заҳри мори тарсуе чун бумсланг чӣ қудрату тавоноиро дорост. Дар нисбати тамоми мавҷудоти зинда мураккабтаринаш табиати инсонист. Маҳз ҳамин мураккабист, ки инсон бо қувваи маҳдуди хеш бо истифодаи ақли худовандӣ ҳамеша марому мақсади номахдудро дунболагир аст. Маҳз инсон аст, ки ба ақлу заковати хеш такя намуда, дар ободии ҳамин табиат саҳм мегузорад. Бояд зикр намуд, ки инсон ҳатто мӯъҷизаофар аст. Аҳромҳои Миср ва Девори Бузурги Чин бузургтарин мӯъҷизае аз дастовардҳои инсонист, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, инсон ҳам гоҳе ба мӯъҷизаҳои офаридаи ҳампешаҳои хеш, ки бо қувваи аҳриманӣ чун мори заҳри бумсланг олуда шуданд, дармемонад.
-Чун аз тамоми мавҷудоти зинда танҳо инсон бо шуур фарқ мекунад ва шуур ягона доди худовандист, ки ба андешаи худи инсон аз рўйи адолат тақсим шуда ва нафаре то кунун аз кам будани шуури хеш ба касе лаб накушодаву ба ҷое шикоят набурда, пас агар чунин аст чӣ тавр қувваҳои аҳримани тавонистанд шуури инсонро ба қавле заҳролуд сохта, баҳри иҷрои амали нангину нопоке ўро ҳидоят намуда бошанд?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан