... 8 ...
Нафаре, ки тамоми мақомотҳои тафтишотӣ нисбат ба шахсияташ таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд, ба андешаи мо, ниҳоят шахси маккор буд. Инро ба ҳамин сабаб мегўям, ки қотил дар иҷрои амалҳои нопоки хеш аз маводе истиифода бурда буд, ки мислашро дар як қитъаи калонтарини олам касе вонахӯрда. Ба ҷуз худи қотил боз он мори африкоӣ бо номи бумсланг дар майдони набард дар сангаре дар муқобили мо меистод. Тайи ин чанд рўз мо дар бораи рақиби дар сангар муқобиламон истода хеле маълумот гирд овардем, вале дар интиҳо дар самти корҳои ҷустуҷўӣ ҳама даву тозҳоямон то кунун бе натиҷа буданд.
Бумсланг морест, ки аз 1,2 то 1,5 ва дар баъзе мавридҳо то 2 метр дарозӣ дошта, дар нисбати ҷуссаи бузургаш сараш он қадар калон нест, вале дар нисбати ин сари хурд чашмонаш хеле калонанд. Рангаш сабзи ҷилодор, қисми поёни танаш зард ё зарди сабзранг мешавад. Бархилофи дигар морон дандонҳои заҳрдораш на дар аввали ҷоғи боло, балки дар мобайни ҷоғ ҷойгиранд. Аз ҳамин ҳисоб бумсланг чи дар вақти шикор ва чи дар ҳолати худмуҳофизатӣ чанд маротиба ба рақибаш неш мезанад. Новобаста аз заҳри марговараш бумсланг ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо инсон рў ба рў наояд.
Дурусттараш бумсланг мори тарсуе ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ аввалин шуда ба инсон ҳуҷум намекунад, вале ҳолатҳои аз неши ин мори тарсуи биёбонӣ ба ҳалокат расидани инсонҳо хеле зиёданд ва яке ҷабрдидаи чунин ҳолатҳо ин герпотологи машҳури америкоӣ Карл Паттерсон Шмит мебошад, ки ҳангоми ба баданаш неш задани ин мор ба ҳалокат расидааст.
Бумсланг хазандаи хеле моҳирест ва аксар вақт дар дарахтон ё зери буттаҳои минтақаҳои тропикии қитъаи Африқо, поёнтари биёбонҳои Саҳара ва Африқои Ҷанубӣ умр ба сар мебарад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо то кунун дар бораи чӣ тавр ба кишварамон воридшавии заҳри ин мори нодирро намедонистем. Сараввал, мо андеша бар он доштем, ки заҳри ин мори африқоӣ бо роҳҳои дипломатӣ барои саноати дорусозӣ дар асоси шартнома ба ҷумҳурӣ ворид шудааст, вале баъди аз Вазорати тандурустӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти гумрук гирифтани посух ба номаҳои фиристодаамон тарбуз аз бағаламон афтид, чунки ҳар се аз ин идораҳои босалоҳият моро бовар кунониданд, ки дар бораи чунин заҳр бори аввал мешунаванд.





