Пайдо кардани заҳр барои нафаре, ки чунин як ҳадафи хатарнокро пешаи хеш қарор додааст, чандон мушкил ҳам нест, вале чун ин ҷо баҳси мо сари заҳри он мори нодир рафт, ба андешаи ман қотил сараввал бо кадом роҳе заҳрро дастрас намуда, сипас нақшаи аз байн бардоштани гунаҳкоронро кашидааст.
-Боз мегўянд, занҳо аввал амалеро анҷом дода, пас андеша мекунанд, ин ҷо бошад, баръакс шудааст, зан аввал тайёрӣ дида пас аз пай иҷрои амал шудааст гуфт Умар Наҷиб.
-Шояд ҳақ ба ҷониби шумост, вале ҷиноят амале нест, ки ба он аз паси панҷа нигарӣ ва дар ин ҷо ҷинс ягон нақшеро намебозад, - паст наомада гуфт муфаттиш.
-Ёфтан ва ба ҷавобгарӣ кашидани нафаре, ки садри баҳси ҳозираи мо гаштааст, вазифаи аввалиндараҷаи мост, новобаста аз он ки вай аз ҷинси латиф аст ё марди, пой бар лаби гўр монда. Ман бисёр кӯшидам шуморо бовар кунонам, ки қотил хампешаи мо нест, вале ба гумонам ин амал ба банда даст надод. Пас агар чунин аст, вазъи мо аз бад бадтар мешавад ва оё мо гуфта метавонем, ки қотил ба ҷинояти навбатӣ даст намезанад? - пурсид асосгузори ҳамоиш.
-Дар ин бора каломе наметавон гуфт, вале акнун қотил нафари ғарқ шуда истодаро мемонад, ки дигар андешаи баландии обро намекунад. Мо аллакай медонем, ки ба кадом хотир ў даст ба ҷиноят задааст. Чӣ хеле ки дар оғози суҳбат шумо, рафиқ прокурор, қайд намудед, вай ба иҷрои ваколатҳои мо даст задааст, яъне ў ба нафароне чашм аъло намудааст, ки бо сабабе барои кирдори нолоиқи хеш ҷазо нагирифтаанд, пас агар чунин аст, моро аз кирдори навбатии эшон роҳи гурез нест, вале, мутаассифона, мо намедонем, ки ин дафъа ў кай, дар куҷо ва киро мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор медиҳад, - аз ҷой бархоста гуфтам ман.
-Ана ҳамин аст мушкилоти кор, - гуфт прокурори шаҳр ва ба суҳбат нуқта гузошт.





