Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 280 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 280 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун мақсади асосии мо ин пешгирии ҷиноятҳост, мебоист дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон мерасонидем, вале чӣ хеле ҳоло аз натиҷаи кор огоҳӣ ёфтем, дар ин самт низ моро дастоварде нест. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин дар ҳарду ҷиноят ҳам аъзоёни гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ ҳампешаи дигарамонро, ки то кунун ному насабаш барои тафтишот муайян нест, гунаҳкор меҳисобанд. Аслан бояд иқрор шуд, ки Худо накардаву қотил аз ҳампешаҳои худамон бошад. Рафту агар чунин бошад, дард ҷонкоҳ хоҳад буд, мисли ангушти шашум. Ангуште, ки аз нишон доданаш шарм медорему аз буриданаш метарсем, - гуфт сарвари милисаи ноҳияи Гулистон.
-Костагӣ дар кори мо он аст, ки то кунун бинобар надоштани маълумоти саҳеҳ ва таҳлили аниқи ҳодисаҳои мазкур назарияҳои мухталифро ба нақшаи чорабиниҳои тафтишоти ҷустуҷўӣ дохил нанамудаем ва бинобар набудани назарияҳои кофӣ худи андешаҳоямон дар нисбати қотил, ки ба пиндорамон шояд ҳампешаамон бошад, чун устухоне дар гулўямон дармондааст. Шумо худ медонед, ки дар чунин ҳолат танҳо дунболагири як назария шудан хатои маҳз аст.
Мушкилоти аслии кори мо дар он аст, ки дар ҳарду ҳодиса заҳри море истифода шудааст, ки худашро не, балки номашро то кунун ягон нафари дар ин ҷо нишастагон нашунидаанд. Дар замоне, ки бумсланг дар қисмати калонтарин қитъаи олам Осиё, дурусттараш минтақаи Осиёи Марказӣ нест, пас суоле ба миён меояд, ки заҳри чунин мори нодир чӣ тавр дар сарзамини мо пайдо шудааст. То мо ба ин суол посух наёбем, ҳама гуна ҷаҳду талошҳоямон бе натиҷа хоҳад анҷом ёфт.
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон бисёр ба маврид қайд намуданд, ки қотилро аз рўйи амалҳояш дар байни ҳампешаҳои худамон бояд ҷуст, вале нагуфт, ки чӣ тавр ҳампешаи мо тавонистааст, чунин як заҳри ҳалоҳилро пайдо кунад. Охир ба ҷуз заҳр садҳо роҳи дигари амалӣ намудани чунин ҳадафҳо ҳаст. Пас чаро маҳз заҳр – заҳре, ки ёфтани он қариб ғайриимкон аст?
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост муҳтарам Аҳмад Саидшарифович, - аз ҷой бархоста гуфт Нӯшини Азиз, вале нафари ба чунин амал даст зада аз рўйи мақоли халқии ”Обро бину мўза каш” амал намудааст, дурусттараш қотил ҳангоми иҷрои амалҳояш ба ҷуз он хатое, ки аксро чун муаррифкунандаи хеш гузоштааст, дигар самтҳои хати мудофиаро аз нигоҳи тактикӣ пурра ба нақша гирифтааст, ҳарчанд мўйсафеди шоҳид ўро намояндаи ҷинси латиф ба тафтишот муаррифӣ намудааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан