Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 279 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 279 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Расмро на чун шиноснома, балки чун ёддошт гузоштаанд.
Қотил возеҳу равшан фаҳмонидааст, ки ҳеҷ амали зиште бе ҷазо намемонад. Модоме ки эшон дар ҳарду ҳолат ҳам акси духтари ҷабрдидаро аз бинои фурурафта дар ҷой ҳодисаҳо гузоштааст, метавон гуфт, ки ҷабрдидаҳо пеш аз содиршавии амал он “туҳфаҳо”-ро гирифтаанд.
-Агар баъди иҷрои амал он “туҳфаҳо”-ро гузошта бошад чӣ?
-Дар ҳодисаи дуюм шояд чунин шуда бошад, вале дар ҳодисаи аввала чунин нест, чунки Замир Собир дар он рўзи боронӣ аз кор баромада, ба самти хонааш ҳаракат доштааст.
Баъди ин ба дафтари кории ў касе даромада наметавонист.
-Ба андешаи шумо акунун қотил ором мешавад ?
-Ба гумон аст. Чӣ хеле ки шумо, рафиқ прокурор, дар оғози ин ҳамоиш гуфтед, қотил дар доираи ваколатҳои мо амал карда истодааст ва ба андешаи банда ў бояд ҳамаи он нафаронеро, ки дар он парвандаи тақдирсоз ба хато роҳ додаанд, ҷазо диҳад.
-Ў чӣ девона аст?
-Не, вале дар талоши ҳақиқат ў бояд хатоҳои моро ислоҳ намояд.
-Вай аз куҷо мефаҳмад, ки мо ба чӣ хатоҳо роҳ додаем? - пурсид Раҳмон Маҳмуд.
-Аз он чӣ ки вай дар гуноҳ доштани ду иштирокчии парвандаи пешин ба хато роҳ надодааст, ё шумо ба ин шубҳа доред?
-Дараҷаи гунаҳкорию бегуноҳии инсонро суд ҳал мекунад на мо, - паст наомада гуфт прокурори ноҳия.
-Агар мо худамон ҳал мекардем, эҳтимол ба ҳамоиши имрўза ҳоҷате набуд.
-Дар ҳақиқат, қотил он амалеро анҷом додааст, ки иҷрои онро давлат ба зиммаи мо гузоштааст. Рафту агар мо онро анҷом медодем, баҳояш чунин “гарон” намеафтид,чунки аз Ҳиндустон хабар меояду аз гӯристон не, - гуфт Аҳмад Саидшарифович ва сухани навбатиро ба Воҳид Камол дод.
-Ҳодисаро аслан метавон ба устухони дар гулӯ монда шабеҳ дод ва аминам, ки ҳар нафари дар ин ҷо нишаста тасаввур хоҳад кард, ки устухони дар гулӯ монда чӣ қадар дардноку ҷонсӯз аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан