Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 278 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 278 аз 499 · 2 ноябри 2026

Инсон дар давоми кору фаъолияти хеш бояд чун оташ шӯъла диҳад ва бо ин амал дар қалби ояндагон гармию равшанӣ боқӣ гузорад, вале рафтори собиқ ҳампешаи мо аз оташ дида ба дуд шабеҳи бештаре дорад.
Албатта, дуд оташ нест, ки гармию равшанӣ диҳад, балки нишонаи сарде аз он нур аст, ки чашми кас бисӯзад ва нақши сиёҳе дар девор боқӣ гузорад.
Дар муҳокимаи масъала қариб ҳамаи аҳли нишаст иштирок намуданд. Ҳар кӣ ҳар чӣ дар дил дошт, рўйи суфра овард. Рост гуфтаанд, ки “суҳбати марди Худо мардат кунад, суҳбати ҳар носазо сардат кунад” ва бемуҳобот прокурори шаҳр Аҳмад Шарифов марди Худо буд. Марде буд, ки дар як суҳбат дар қалби аҳли нишаст ҷо гирифт.
Бисёре аз иштирокчиён андеша бар он доштанд, ки қотилро аз байни хешу ақрабои шахсони ба ҳалокатрасида ҷустуҷў намоем, вале муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон Нӯшини Азиз андешаҳояшро чунин баён намуд:
-Ба андешаи ман, қотил нафарест, ки аз кору фаъолияти мо хуб огоҳӣ дорад ва аҷаб нест, замоне бо мо дар як саф наистода бошад.
-Гуфтаниед, ки гург дар ҷомаи меш барин? - пурсид прокурор.
-Бале, охир худ қазоват намоед, ки дар ҳодисаи аввал қотил амали хешро ҳамагӣ сесад метр пеш аз чорроҳаи навбатӣ

  • аз он ҷое, ки камераҳои худсохт насб шудаанд, анҷом дод.
    Замони ба чунин амал даст заданаш низ ба нафъи худи ў буд.
    Сеюм, қотил мехост тариқи занбӯрҳо тафтишотро ба роҳи хато барад, хушбахтона шоҳиди ягона ҷой неши сўзанро аз неши занбўр фарқ намуда, хатои гурўҳи ба ҷой ҳодиса рафтаро ислоҳ намудааст. Дар ҳодисаи дуюм қотил аз аввала дида боэҳтиёттар амал намуда, дар набудани аҳли хонавода ба он манзил ташриф оварда, нияти нопоки хешро амалӣ намудааст ва чун аҳли хонадон баъди ним соат баргаштанд, сарвари хонаро рўйи фарш афтода дарёфтанд.
    -Магар нафари аз корҳои мо огоҳидошта ва ё замоне бо мо дар як саф буда расмеро, ки ВАО мавриди таваҷҷуҳи хонандагон намудааст, чун шиносномаи хеш дар ҷой ҳодиса мегузорад? - пурсид Аҳмад Шарифов.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан