Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 277 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 277 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Барои он, ки мо мавқеи бетарафиро ишғол намудем ва замоне гуноҳи ҳампешаамонро дида, муҳри хомӯшӣ ба лаб задем. Оё шумо боре андеша намудед, ки чаро акси он духтари ҳаждаҳсола бо вашми гули лола дар ду ҳолати куштор пайдо шуд?
...
-Албатта, андеша намудед, вале аз рўйи одати деринаатон сухани касеро, хусусан, сухани прокурорро буриданӣ нестед, чунки намехоҳед худро аз эшон донотар тарошед. Шиоратон ҳамеша ”сари хамро шамшер намебурад,” буд, ҳаст ва хоҳад монд, бехабар аз он ки ҳамин шамшер рўзе ҳамаи моро сар мебурад, чунки мо бетарафиро афзалтар медонем, мо баҳсеро, ки метавонад ҳақиқатро рўйи об барорад, хуш надорем.
-Дирўз бо талаби ман ҳамон парвандаро оиди фурўравии як қисми бинои бисёрошиёна, ки таърихи сесола доштааст, барои омўзиш оварданд ва баъди хондан ба хулосае омадам, ки таҳкурсии парвандаи мазкур аз аввал каҷ ниҳода шудааст.
Муфаттиш, агар ўро дар ҳақиқат муфаттиш гуфтан ҷоиз бошад, ҳатто ҳодисаи табииро ба манфиати гунаҳкорон истифода бурда, “Фикри айбдорӣ”-ро дар нисбати сардори ширкати сохтмонии “Фаришта” бо ҳолатҳои сабуккунанда ба суд ирсол намудааст. Судя Замир Собир бошад, қариб бе ягон душворӣ Мухтор Сатторро аз об хушк баровардааст. Ана ёбу гир. Бригадир ва устои сохтмонро зиндонӣ намуда, роҳбари асосиро бегуноҳ бароварданд. Ин дар ҳолест, ки ҳашт тан аз сокинон ҷон бохта ва беш аз бист нафари дигар захмдор шудаанд. Ҳамааш чун ҳамон мақоли халқии келину духтар ва хушдоман шудааст.
-Мақолҳо дар бораи келину хушдоман зиёданд, - овоз рўшан намуд кадоме аз сафи охир.
-Садқа шавам Худоро - як бому ду ҳаворо, - гуфт муовини прокурори шаҳр Умар Наҷиб.
-Муҳтарам Умар Наҷиб, акунун банда донистан мехоҳам, ки чаро прокурори шаҳр аз рўӣ ҳукми суд ба мақомоти болоиашон эътироз накард?
-Инашро ман намедонам, Аҳмад Сайдшарифович.
-Аз қафои шахси дунёи фониро тарк намуда сухани ноҷое гуфтан хуб нест, вале дар ҳоле, ки мо қарор дорем, хомӯширо ихтиёр кардан гуноҳест нобахшиданӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан