Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 276 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 276 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳақ ба ҷониби шумост, рафиқ муфаттиш, - гўён мо худоҳофизӣ намудем.
Соате боз ман ба корҳои идоравӣ машғул шуда, сипас ба хона омадам. Бояд зикр кард, ки баъди нисфирўзӣ ман лейтенанти милиса Шукрихудои Шарифро барои дарёфти маълумоти пурратар ба пажўҳишгоҳи тадқиқотӣ – илмӣ ва биологии Академияи фанҳои ҷумҳурӣ фиристодам, вале интизориҳои зиёд ҳам бе натиҷа анҷомид ва ман аз коргоҳ баромадам.
-Баъди бозгашт аз Сағирдашт қариб роҳи хонаро ба гўшаи фаромўшӣ додед - чӣ? дарро ба рўям кушода нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Наталья Василевна.
-Чӣ магар дер омадам?
-Агар дар қиёс бо рўзҳои пеш аз ба рухсати меҳнатӣ рафтанат гирем, на он қадар дер, вале бояд арз намоям, ки Абдумаҷид омаданатро хеле интизор шуд ва дар интиҳо хобаш бурд, - гуфт ҳамсарам ва маро рост ба ошхона бурд.
-Оғози кори милиса баъди афсонаи “Хоби ширини, хурдтаракон” сар мешавад, ҳамсари милиса бошад эътироз пеш оварданист, ки нимаи дуюмаш роҳи хонаро фаромӯш намудааст.
-Оила ин ячейкаи аввалини ҷамъият аст ва орому осудагӣ ҳамин ҷузъи хурд ба пойдории давлат асос мегузорад. Пас агар чунин аст, тарбияи фарзандон ба души падару модар гузошта шудааст. Аз он чӣ ки падар аз субҳи содиқ то посе аз шаб гузаштан дар кор аст, боиси нигаронист. Хоҳиш мекунам ҳамин ҳолатро аз хотир набароред, - гўён ҳамсарам дар рў ба рўям сари дастурхон нишаст...
... 7 ...
-Мақсад аз даъвати шумо он нест, ки банда бори дигар ваколатҳои хешро чун ҳалқа ба гўши ҳар яке аз аҳли нишаст овезам. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нафаре аллакай ваколатҳои мо ва боз ваколатҳои ҳокимияти судиро низ ба души худ гирифтааст. Пас агар чунин аст, пурсиданиам, кист он нафар? - гуфт прокурори шаҳр Аҳмад Шарифов.
-Қотил, - посух доданд қариб нисфе аз аҳли нишаст.
-Дуруст ва ман донистан мехостам, ки чаро чунин шуд?
...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан