Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 275 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 275 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Бале, ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш ман аз назди Раҳмон Маҳмуд баргаштам, ба вай бошад, прокурори шаҳр занг зада андешаҳояшро дар бораи мақолаи “Мукофоти амал” баён намуда гуфтааст, ки бубинед рӯзноманигорон ба хотири баланд бардоштани эътибори рўзномаашон биниашонро то ба куҷоҳо мехалонанд. Фардо субҳ моро ба прокуратураи шаҳр даъват мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, ба шумо занг задам, ки тайёриатонро бинед.
-Чӣ хел тайёрӣ, модоме мо ягон дастоварде надорем.
-Мо танҳо дар самти чӣ тавр ва бо кадом роҳ пайдо шудани заҳри он мори африқоиро намедонем. Дигар самтҳои кори моро Мухтор Саттор сабук кард.
-Шояд моро даъват накунанд.
-Раҳмон Маҳмуд бандаро ҳушдор сохт, ки фардо субҳ ҳамроҳи гурўҳи тафтишотӣ якҷоя ба прокуратураи шаҳр меравем. Модоме ки худи прокурори шаҳр ин масъаларо ба зери назорати хеш гирифтааст, пас некиеро аз ин вохўрӣ интизор шудан нашояд.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки аз девори каҷ ҳазар.
-Мо ҳама ғуломи қонунем, ғуломе дар ҷустуҷўйи ҳақиқат.
Таърих гувоҳ аст, ки ғуломон ба хотири озодӣ баҳри он ба набард мебаромаданд, ки ба ҷуз завлонаи дасташон дигар чизеро бой намедоданд.
-Мо чӣ?
-Шукр мо озодем. Чун ҳадафи аслиамон таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон аст, дар ҳамин самт талош меварзем, то гунаҳкоре аз ҷазо нагурезад, то бегуноҳе муҷозот нашавад, то волоияти қонун побарҷо бошад.
-Агар марому мақсади ҳамаи ҳомиёни қонун чунин бошад, пас чӣ тавр тавонист Мухтор Саттор баъди чунин як ҳодисаи мудҳиш аз об хушк барояд.
-Дар он қазия чанд тан аз сохтмончиёнро муҷозот намуданд, вале мутаассифона, худи сарвари ширкат беҷазо мондааст. Бинед аз тақдир роҳи гурез нест ва шояд агар ў муҷозот мешуд, зинда мемонд.
-Кӣ медонад?
-Ҳа, тадбир ба тақдири Худованд намонад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан