Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 274 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 274 аз 499 · 2 ноябри 2026

Руҳи поки ин духтари ҳаждаҳсола баъди се сол боз вирди забонҳо гашт. Бубинед, маҳз ҳамин акс асос шудаву пайвандони Мухтор Саттор ба ҳодиса аз нигоҳи мантиқ назар намуданд. Рафту ҳамон акс аз ҷайби эшон берун намеомад, ҳодисаи рухдодаро чун сактаи қалб қабул мекарданд.
Мисли оне, ки қувваи барқ таконат медиҳад, пайдошавии як акс дар ду маврид боиси таваҷҷуҳам гашт. Соате пештар шояд чунин андешаҳо ҳатто ба гӯшаи хотирам намеомад, вале акнун вазъ ба куллӣ тағйир ёфта буд ва мо ҳуқуқ надоштем ба он аз паси панҷа назар афканем.
Пайдошавии акси духтаре бо вашми гули лола дар ду маврид пайвастагиеро дар муносибати сохтмончӣ ва раиси суди ноҳия ба бор овард, ҳарчанд то кунун мо дар ин бора далеле дар даст надоштем, вале ёфтани ҳама гуна далел тобеъ ба вақт буд. Дер ё зуд, чунин далел ҳам пайдо мешуд. Ҳодисаи ба сари Мухтор Саттор омада мақсади аслии қотилро дар ҳодисаи аввала низ рўйи об бароварда метавонист. Акнун тафтишотро лозим меомад, ки ҳодисаи фурӯравии қисми бинои баландошёнаро бо тамоми ҷузъиёти хурдтаринаш мавриди омўзиш қарор диҳад.
Занги телефон бандаро аз байни андешаҳои бесару нўг раҳо кард ва ман дилу бедилон гўшакро бардошта, гулў рўшан намудам.
-Шумораи шомгоҳии рўзномаи “Айём”-ро хондед, - баъди салому ҳолпурсӣ гуфт муфаттиши прокуратура.
-Ҳа, соате пештар рўзнома ба дастам расид.
-Дар бораи мақолаи “Мукофоти амал” чӣ андеша доред?
-Оби рўд ҳам наметавонад як умр дар зери ях ҳаракат кунад.
-Ҳисоб намоед, ки ях шикаст ва хоҳу нохоҳ оби зери ях ба соҳил хоҳад баромад.
-Андешаи шуморо ҳамчун сарвари гурўҳи тафтишотӣ дар бораи мақолаи таърихи сесола дошта донистан мехоҳам.
-Ҳарчанд ҳодисаи фурўравии қисмате аз бинои баландошёна дар маҳаллаи дигари шаҳр рух дода буд, вале аз рўйи маълумотҳои ба даст омада он қазияро собиқ судяи суди шаҳрӣ Замир Собир мавриди баррасӣ қарор дода будааст.
-Ин амал аниқ аст?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан