Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 273 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 273 аз 499 · 2 ноябри 2026

Худи ҳамон рўз шумораи шомгоҳи рўзномаи “Айём”оиди ҳодисаи мазкур мақолаи калонеро бо номи “Мукофоти амал” рўйи чоп овард, ки дар он аз ҷумла омада буд:
...”Дирўз собиқ роҳбари ширкати сохтмонии “Фаришта” Мухтор Саттор, ки тариқи ипотека чандин бинои баландошиёнаро сохта, ба истифода дода буд, аз олам даргузашт. Маҳз камбудиҳои ҷиддии дар рафти сохтмон ба амал омада боис гардид, ки қисмати яке аз биноҳои баландошиёна ба зилзилаи чорбалла аз рўӣ ҷадвали Рихтер тоб наоварда, фурў рафт. Ин ҳодиса боиси марги ҳашт ва захмдор шудани беш аз бист нафар гардид. Сокинони бинои харобгашта аз рўйи ин қазия ба суд муроҷиат намуданд, вале мақомоти судӣ ба ҳодисаи рухдода баҳои объективӣ надода, роҳбари ширикати сохтмонӣ Мухтор Сатторро аз об хушк бароварданд. Ба итиллои як нафар аз кормандони мақомоти тафтишотӣ, ки аз гуфтани ному насабаш худдорӣ намуд, ҳодисаи дирўза дар натиҷаи қасд ба ҷони Мухтор Саттор рӯх додааст, пас агар чунин аст, собиқ роҳбари ширкати сохтмонии “Фаришта” мукофоти амали хешро гирифт.” Шумораи шомгоҳии рўзномаи “Айём” хонандагони худро бовар мекунонид, ки ҳодисаи мазкурро дунболгирӣ хоҳад кард, ки ин амал аз ҷасорату масъулятшиносии ҳайати таҳрияи рўзнома гувоҳӣ медод...
Дар замоне, ки ҳанўз гурўҳи тафтишотии мо сари таҳлилу баррасии ҳодисаи навбатӣ гирд наомада буд, ба нашр расидани мақола як таҳаввулоти ҷиддиеро дар ба нақшагирии корҳои ҷустуҷўӣ ба бор овард. Баъди ҳодисаи ба сари Замир Собир омада, ҳангоми азназаргузаронии дафтари кориаш аз зери шишаи болои мизи кории собиқ раиси суди ноҳия айнан чунин расмеро дида буданд, вале дар он замон касеро ба гӯшаи хотир хам наомада буд, ки он чӣ аксест. Дар ҷайби Мухтор Саттор пайдо шудани нусхаи дуюми акси мазкур худ ифодакунандаи алоқамандии ҳарду ҳодиса шуд. Новобаста аз гузашти солҳо, мавҷи хаёлоти банда бархилофи чархи таърих ба қафо тоб хӯрд ва ман ба ёд овардам, ки баъди фурўравии қисмате аз бинои баландошёна расонаҳои хабарӣ акси духтареро, ки бо гуноҳи сохтмончиён ҷони хеш аз даст дода буд, бо зерматни ”Духтаре бо вашми гули лола” рўйи чоп омада буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан