Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 272 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 272 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шуниданаш мумкин?
-Чашм дарёст, новобаста аз он, ки рўз боронӣ буд ва боз шамол боронро ба сару рўйи роҳгузарон мезад, вале бояд нафарони дигар низ аз автомашинаи “Тайота Лен Крузер” фаромадани бонуи қашангро медиданд. Шояд онҳое, ки ба самти шамол ҳаракат намуданд, ба ин масъала чандон аҳамият надоданд, вале нафароне, ки пушт ба тарафи шамолу борон меистоданд ва ё қисмате аз нафарони дар истгоҳ буда низ ва боз онҳое, ки дар ҳамон лаҳза гузаргоҳро убур мекарданд, хоҳу нохоҳ он ҷавонзанро бояд медиданд. Маҳз ҳамин ҳолатҳо нишондоди шоҳиди ягонаро метавонад зери шубҳа гузорад, - гуфт Шукрихудои Шариф.
Ҳарчанд тайи ин чанд рўз ман боре ҳам чунин андешаро ба ёд наоварда будам, вале суханони шогирд бандаро ба андеша намудан водор сохт. Акунун андешаҳои бесару нӯг бандаро низ дунболгир шуд...

...6...
Ҳанўз нӯги калоба аз муаммои ба сари Замир Собир омада ба дасти мо нарасида бумсланг боз аз худ дарак дод. Ин дафъа мавриди таваҷҷуҳи қотил роҳбари ширкати сохтмонии “Фаришта ”Мухтор Саттор қарор гирифта буд.
Чун ҳодисаи мазкур дар қисмати дигари шаҳр рух додаву сараввал онро чун сактаи қалб ҳисобиданд, таваҷҷуҳи атрофиёнро бедор накард, вале баъдтар дар ҷайби марҳум пайдо шудани акси духтаре, ки дар бозуи дасти росташ расми гули лола вашм (холкуб) карда шуда буд, таваҷҷуҳи пайвандонашро бедор кард ва онҳо марги сутуни хонадони хешро қасдона арзёбӣ намуданд. Чун ҳанўз натиҷаи кори марҳум аз ёдҳо зудуда нашуда буд, баъди ду соати ҳодиса гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ ба манзили Мухтор Саттор ташриф оварданд ва ҷасади марҳумро барои гузаронидани ташхиси патологию анатомӣ ба ташхисгоҳ фиристоданд. Субҳи рӯзи дигар мақомоти тафтишотии ноҳияи Сино, ки марҳум тайи ду соли охир он ҷо иқомат дошт, аз ташхисгоҳ хабар гирифтанд, ки Мухтор Саттор тариқи ба организмаш ворид намудани заҳри мори бумсланг бо зиндагӣ падруд гуфта...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан