-Нимта нон роҳати ҷон.
-Ҳақ ба ҷониби шумост рафиқ майор, вале мутаассифона, на ҳама чунин андеша доранд.
-Шумо чӣ?
-Гуфтаҳои шуморо ҷонибдорӣ намудам, боз чӣ мепурсед?
-Ҳамин хел пурсидам.
-Акунун чӣ кор мекунем?
-Намедонам.
-Ҳамаи инро шояд сабаб он аст, ки мо то кунун аз мақсаду мароми ҷинояткор огоҳ нестем.
-Чунин ҳам ҳаст, вале ин танҳо як тарафи кор аст.
-Тарафи дигараш чӣ?
Ин истифодаи заҳре ҳаст, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ нест. Маҳз ҳамин муаммои сарбаста бандаро ором нагузошта истодааст.
Чӣ илоҷ замин сахту осмон баланд, вале банда ба анҷоми неки кор боварӣ дорам.
-Инсоният ҳамаи он шарру шӯри дар зиндагӣ пешорўяш омадаро танҳо тариқи калимаҳои боварӣ дорам, умед ҳаст бартараф месозад, вале бояд иқрор шуд, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Вазъи кунунии мо ҳолати сафинаи дар уқёнус ба садама дучор омадаро мемонад. Ҳатто масофаи хурдтарин то соҳил, масофаи камтарин то чароғаки роҳнамо ё ба истилоҳ “Маяк” бе ҷаҳду талоши ҳар яке аз ғарқшудагон, ки бо амри тақдир мусофири сафинаи ба фалокат рў ба рў шуда гардидаанд, наметавонад боиси наҷот ёфтанашон гардад.
-“Спасение утопающих дело рук самих утопающих,” - гуфт ваколатдори кофтуковӣ-ҷиноятӣ.
-Дуруст фаҳмидед, рафиқ лейтенант.
-Суоле ба хотирам омад.
-Бифармоед!
-Чаро ба ҷуз он ҳампешаи мо дигар касе аз автомашина фаромадани он бонуи қашангро надидааст.
-Шояд дида бошанд, вале мо то кунун шахсияти онҳоро муайян карда натавонистем ё худатро андешаи дигаре ба сар омада?
-Қариб ки ҳамин хел.





