ва ё виҷдонро чун ҷузъи ҷудонашавандаи имон ба ёд овард, ки гуфт:
- Он қасри муҳташам танҳо бо ном аз ман аст, дар асл ман ҳеҷ гоҳ соҳиби он набудам, рафту агар язнаам зинда мемонд, эҳтимол ба хотири вазифааш боз чандин солҳо касеро ҷуръат намерасид, ки бандаро мавриди пурсиш қарор диҳанд.
Ҳамааш чун косаи давр будааст ва гумон мекунам, ки даври мо гузашт. Акунун бурд-бурди шумо ва ҳар коре, ки мехоҳед, бо он қасри зормонда анҷом диҳед ва хохиш мекунам, ки маро ба ҳоли хеш гузоред.
-Шумо бо ин амалатон чизеро бой нахоҳед дод.
-Чӣ хел?
-О, худ гуфтед, ки дар асл қаср моли шумо нест.
-Гуфтам.
-Пас чӣ ҷойи афсӯсу надомат, модоме ки бод овардаро боз мебарад бод, - дар тамоми рафти суҳбат бори аввал андешаҳои хешро баён намуда гуфт Шукрихудои Шариф.
-Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гўр, вале афсӯс язнаи ман инро нафаҳмид, ки нафаҳмид,- гуфт нафаре, ки чанд лаҳза пештар хоҳиш намуда буд, ки мо ўро ба ҳолаш гузорем.
Дигар бо додарарўси Замир Собир баҳсу мунозира маъние надошт.Он чӣ ки лозим буд, то андозае мо бохабар шудем. Маҳз ҳамин суҳбат асос бар он гузошт, ки мо симои аслии собиқ ҳомии қонунро бори дигар дар мизони қонун гузорем.
Баъди рафтани додарарўси Замир Собир ман ҳамроҳи Шукрихудои Шариф муддате сари андешаҳои хеш қарор доштем. Шогирдро дар он лаҳзаҳо чӣ андешае дар сар буд, намедонам, вале бандаро як ҳолат ором намегузошт: - Чӣ тавр тавонистааст, нафаре ки то оринҷаш ғарқи гуноҳ аст, ба чунин як мансаби тақдирсоз бирасад. Ҷаҳоне, ки ўро сари қудрат оварда буд, аз кирдорҳои нопокаш чашм пӯшид ва ин амал Замир Собирро дар қонуншиканӣ баҳри ба даст овардани манфиатҳои шахсиаш далертар намуд ва эшон оқибат ҷони хешро аз даст дод.
-Рафиқ майор, бисёр ба андеша рафтед, - ниҳоят гулӯ рўшан кард лейтенанти ҷавон.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




