Занбӯрҳои дар чунин рўзи боронӣ дар салони автомашина пайдошуда тамоми кӯшишҳои қотилро, ки шояд мехост нигоҳи тафтишотро ба самти дигар равона созад, барбод доданд ва сабабгори ҳамаи ин боз ҳамон нигоҳи “ҷаҳонбини” Намоз Хаёл буд. Маҳз ҳамин мўйсафед сабаб шуду гуноҳро аз болои ҳамон ҷонваракони тиллоранг, ки ҳамеша дар талоши ободии дастурхони инсониятанд, бардоштанд. Аз ҳамин лиҳоз метавон дар ин ҷода ба собиқ ҳампешаи мо аҳсан гуфт.
Тайи ин чанд рўз мо бо даҳҳо нафароне, ки Замир Собирро мешинохтанд ва ё муддате бо эшон дар як коллектив кору фаъолият намуда буданд, ҳамсуҳбат шудем, вале касе марҳумро бад нагуфт, ҳол он ки ҳатто дар рўзи ҷаноза, вақте ки мо аз сари манзили охирати собиқ раиси суди ноҳия бармегаштем, ман худ шоҳиди суҳбати ду ҳамсояи собиқаш, ки якеро Абдулло ном буду дигареро Назар, гардидам.
Абдулло ва Назар он рўз қариб ҳамдигарро бовар мекунониданд, ки он қасри кошие, ки марҳум иҷоранишин будаву зиндагӣ мекардааст, бо пули худи вай сохта шуда, барои ба чашми давлат хок пошидан онро ба номи додарарӯсаш сабт намудааст. Чун моро имкони дигаре ба ҷуз рўшанӣ андохтан ба таърихи сохтмони он қасри кошӣ намонд, дар асоси қонун нафареро, ки он қасри кошӣ ба номаш сабт шуда буд, ба милиса даъват намудем.
Оғози суҳбат чандон хотирмон набуд, чунки додарарўси собиқ раиси суди ноҳия бо ҳар роҳу воситае набошад моро бовар кунондан мехост, ки он қасри коширо бо маблағи аз меҳнати ҳалол ба даст овардааш бино намудааст. Моро ба ҷуз пазируфтани пешниҳоди эшон чорае набуд, чунки аз рўйи маълумотҳои ба даст овардаамон, эшон дар тамоми рафти сохтмон фаъолона иштирок намуда буд, вале чун сухан сари маблағи сарфшуда рафт, додарарӯси раиси суд собит карда натавонист, ки он маблағро кай аз куҷо ва чӣ хел пайдо намудааст. Ҳама гуна пофишориҳои ў сари ин масъала бинобар таҳкурсии мустаҳкам надоштанаш чун девори гилин фурў рафт. Шояд тайи ин муддат ў бо қалбаш дар набард буд





