Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 268 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 268 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ману Шукрихудои Шариф ҳамроҳи муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз то сари чорроҳа омадем. Муддате дар зери гунбади гардун, аз ҷилои ситораҳо чашм наканда, сари суҳбат қарор гирифтем ва чун бори сеюм чароғаки роҳнамо сабз шуд, муфаттиш бо мо худоҳофизӣ намуда, гузаргоҳро убур карда, ба самти рост тоб хӯрда, ба тарафи истгоҳ рафт. Ману Шукрихудои Шариф бошем аз роҳ нагузашта самти ҳаракатамонро давом дода, ба милисахона рафтем.
...5...
Як хусусияти хоси фаъолияти ҷустуҷўӣ-оперативӣ ин усули мулоҳизаи дедуктивист, ки кормандони фаврӣ – ҷустуҷўӣ дар натиҷаи таҳқиқ ва таҳлили ҳолномаи гумонбаршудагон ва пешниҳоди алибиҳои эътимоднок аз тарафи ҳамин ашхос аз шумораи кулли ба кам мерасанд.
Сипас, дар атрофи ҳамин ҷузъиёти кам, ки дар аксари мавридҳо як ё ду нафар гумонбаршударо дар бар мегирад, фаъолияти хешро ҷонноктар намуда, баҳри собит намудани гуноҳи онҳо аз тамоми воситаҳои дар ихтиёр дошта истифода мебаранд.
Мутаассифона, дар ҳодисаи мазкур мо имконияти чунин мулоҳизарониро надоштем, чунки шоҳиди ягонаи ҳодиса аллакай сухани хешро гуфта буд. Яъне, аз мошини “Тайота Ленд Крузер” танҳо як нафар берун омада ва он ҳам намояндаи ҷинси латиф. Шоҳид, ки замоне корманди милиса будааст, ҳатто рўйи нафари аз автомашина бурун омадаро надидааст, вале аз рўйи ҳаракатҳояш вайро ҳамчун бонуи ҷавон муаррифӣ намудааст.
“Дар ноомади кор атола дандон шиканад”, гуфтагӣ барин худи табиат ҳам он рўз дасти ҷинояткор бигирифт.Борони сахт, ки бо шамол омехта шудаву сару рўйи роҳгузаронро палмосида буд, ягона имкони ба атроф нигаристанро низ аз онҳо гирифта буд. Бубинед, дар байни садҳо нафарони дар истгоҳ ва дар роҳи пиёдагард ҳаракаткунанда танҳо як нафар мўйсафед, ки қоматаш қариб заминбўс гашта, ба нафари аз автомашина буруномада аҳамият додааст. Охир дар ин амал низ касеро барои беаҳамиятӣ дар байни роҳ гунаҳкор кардан ғайриимкон аст, чунки автомашина мисли ҳама автомашинаҳои дар он лаҳза дар ҳаракат буда, дар асоси талаботи чароғаки роҳнамо, дар наздики гузаргоҳ таваққуф намудааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан