Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 267 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 267 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар акси ҳол метавонист нақшҳо иваз шаванду қотил худ мақоми ҷабрдидаро “соҳиб” шавад.
-Модоме, ки дар як минтақаи бузург чунин мор набудааст, пас чунин заҳрро он бонуи қашанги мегуфтагиатон аз куҷо дастрас намудааст? - пурсид прокурор.
-Дар ин бора чизе гуфта наметавонам, вале дар шароити кунунӣ тариқи қочоқ ҳама чизро дастрас намудан мумкин аст.
-Ҳама чизро мумкин, вале заҳрро чӣ тавр метавон ба даст овард? - гуфт нафаре, ки мо дар дафтари кориаш сари баҳс қарор доштем ва эшон дар ин бора андешаҳои ҷавонтарин узви гурўҳро пурсон шуд.
-Танҳо шахси аз ақл бегона ва ё беандеша метавонад ба чунин ҷинояти вазнин даст занад, вале нафаре, ки мо ҷустуҷўяш дорем, аз ҷиҳати руҳию равонй инсони солим ва комил аст. Пас агар чунин аст, ў ба ин амал бо тайёрии пухта даст задааст. Метавон гуфт, ки ҳатто вазъи боду ҳавои онрўза низ дар дифои вай саҳм гузошта. Тайи ин муддат мо аслан шоҳидеро пайдо карда натавонистем, ки ўро дида бошад.
Қотил кӯшиш ба харҷ додааст, ки амали нопоки хешро ҳамагӣ сесад метр пеш аз чорроҳаи навбатӣ, ки бо камераҳои худкор муҷаҳҳаз гардонида шудааст, анҷом диҳад. Ҳамин ҳолатҳо худ аз он шаҳодат медиҳад, ки қотил бо амалҳои ба нақшагирифтаи хеш гурўҳи фаврӣ - тафтишотиро аз методи мулоҳизаи дедуктивӣ низ маҳрум намуд, - андешаҳои хешро баён намуд лейтенанти милиса Шукрихудои Шариф.
-Модоме ки бо роҳҳои дедуктивӣ мо наметавонем аз шакли кул ба ҷузъ баргардем, пас пиёдаю савора аз пайи дарёфти қотил шавед, ҳарчанд ин амал ба ҷустани сўзан дар байни хирмани коҳ монанд аст, вале умедро набояд аз даст дод, - гӯён прокурор ба суҳбат нуқта гузошт.
Вақте ки мо аз бинои прокуратура берун шудем, ситораҳо дар фазои бекарона чашмак мезаданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан