...
-Ба даҳон об гирифта нишастан ин ҳалли масъала нест ва оё шумо, рафиқ Абдумаҷидов, набудед, ки дирўз ба ман собит намудан хостед, ки ҳама гуна ҳаракати кўркӯрона тафтишотро на ба пеш, балки ба қафо мебарад, пас агар чунин аст, чаро акунун хомӯшед? - пурсид Воҳид Камол.
-Рафту агар Замир Собирро сари як тир менамуданд ва ё бо корд ўро ба ҳалокат мерасониданд ё ба нўшобааш заҳр меандохтанд, мо аз кадом нӯги гиреҳ доштанамонро, албатта, мефаҳмидем, ҳарчанд дар чунин ҳолатҳо ҳам душвориҳои зиёде садди роҳамон мешуд, вале дар ҳодисаи мазкур душвории аз ин бештаре моро пеш омадааст. Сараввал, мо медонем, ки ҳодиса дасти кори зан аст, маҳз зан будани қотил душвории бештареро бо мо рў ба рў намудааст.
-Барои тафтишот ҷинсият чӣ аҳмият дорад? - луқма партофт прокурор.
-Дар мадди аввал ҳеҷ, вале набояд аз хотир баровард, ки бо кадом роҳ қотил зан мақсадҳои нопоки хешро амалӣ намудааст.
-Хайр гирифту сўзани заҳролудро ногаҳон ба бари гардани ронанда халонд, ин як амалест барои занҳо хос агар дар ҳақиқат қотил намояндаи ҷинси латиф бошад, - гуфт Раҳмон Маҳмуд.
-Муҳтарам прокурор, шумо медонед, ки собиқ судя чӣ гуна марди тануманде буд, вазнаш на камтар аз 80 кг, ҳарчанд духтарро аз наздик касе ҳам надида бошад, вале аз рўйи нишондоди нафаре, ки ба андешаи шумо дар деворҳои ин бино бўи дудро боқӣ гузошт, вайро бонуи қашанг ном бурда.
Қашанг ба ҷуз зебо будан боз бонуеро мегўянд, ки баландқаду лоғарандом аст, яъне вазнаш то панҷову панҷ килограмм. Оё метавонад бе боварии комил духтари резапайкаре бо марди чун шери жаён даст ба гиребон шавад?
-Чаро не, магар чунин ҳолатҳо каманд дар зиндагӣ?
-Ҳолатҳо зиёданд, вале чунинаш ба гумон аст, ки пеш аз ин ба қайд гирифта шуда бошад. Айнан худи ҳаракати апачиҳо барин, шояд духтар чунин амалҳоро аз филмҳои бадеӣ дида бошад, вале он чи ки барои тафтишот ҳанўз муаммои сарбаста аст ва ин муаммо истифодаи заҳри мори бумсланг мебошад, истифодаи заҳри море, ки дар кишвари мо он тараф истад, балки дар тамоми минақаи Осиёи Марказӣ нест ва итминони комил дорам, ки он ҷавонзани резапайкар аз таъсири заҳри истифода мебурдагиаш огоҳии пурра доштааст.





