-Шумо милисаҳо ҳамаатон аз як лой шӯридагӣ, - гуфт Раҳмон Маҳмуд.
-Афсӯс ки чунин нест.
-Вай мўйсафед чӣ?
-Кадом мўйсафед?
-О, ҳамон шоҳид.
-Намоз Хаёл?
-Ҳа худи худаш, номаш дар гўр равад. Аз рўйи ҳамон гурсўхта, ки шояд дар замони милиса буданаш ҳам чунин ёғиву саркаш буд ва бо сухану рафтори аблаҳонааш фазои идораашро боре ҳам гарм накарда, дар ҳоле, ки пой ба лаби гўр мондааст, бўйи дудро дар фазои идораи мо низ боқӣ гузошт.
-Он чи ки ба шир дар бадан рафт.
-Не, рафиқ полковник, чунин афродҳоро хоки лаҳад ҳам рост намекунад, - гуфт прокурор.
Рост гуфтаанд, ки “то мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш нуҳуфта бошад”. Новобаста аз он ки Раҳмон Маҳмуд ҳамагӣ ду хафта пеш ба ин вазифа таъйин шуда, ба Гулистон омада буд, вале андешарониҳояш ба ман писанд наомад, ҳарчанд ўро шахси бесаводу бо роҳи тағобозӣ ба сари қудрат омада бошад, гуфта намешуд. Суханрониву таҳлили андешаҳояш худ шаҳодатгари дониши мукаммали эшон буданд, вале нуқтаи назараш дар нисбати атрофиён аз худписандию мансабталошияш шаҳодат медод.
-Аз таги замин ҳам бошад, вай духтарро пайдо намоед, - риштаи суханро ба даст гирифта амр намуд прокурор.
-Ин ба гуфтан осон, - иқрор шуд сарвари милиса.
-Модоме ки алакай умедатонро аз ёфтани он духтар, ки дар ҳодисаи мазкур гумонбаршудаи ягона аст, - канда бошед, пас аз ин ҳама муҳокимарониҳо чӣ бую умед? - изҳори нигаронӣ намуд сарназоратчии қонун.
-Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, маҳз ҳамин аст сабаби ин гирдиҳамоӣ, прокурорро ором намуданӣ шуда гуфт Воҳид Камол.
-Шояд ягон нафари дар ин маҷлис иштирокнамуда мегуфтагист, ки аз кадом нӯги гиреҳ доштанамон моро метавонад ба марра як қадаме ҳам бошад, наздиктар барад, - каме ҳам оромтар шуда пурсид Раҳмон Маҳмуд.





