Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 264 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 264 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Хабари матбуотӣ ин овозаи кўчагӣ нест, чунки рўзноманигорон низ қимати сухан ва коргоҳи хеш медонанд.
Ҳеҷ гоҳ онҳо бе далел сухан намегўянд ва он чӣ ки шумо, рафиқ прокурор, ҳамаи навиштаҳои матбуотро қариб дӯруғ арзёбӣ намудед ва новобаста аз он ки банда дар иҷрои вазифаи хизмати зердасти шумоям, вале ба андешаҳоятон розӣ шуда наметавонам.
-Чаро?
-Чунки дар ҳар як дурўғ ҳам заррае ҳақиқат ҳаст.
-Аз хотир набароред, ки давлат ба Замир Собир чӣ вазифаеро бовар намуда буд, ё шумо рафиқ Абдумаҷидов аз сиёсати кадрӣ пуштибонӣ кардан намехоҳед?
-Вазифаи банда ҷустуҷўӣйиҳақиқат аст, на ҳимояи онҳое, ки аз иблис фаришта тарошидаву ўро ба курсии мансаб меоранд.
-Рафиқ полковник, ман ҳайронам, ки шумо бо чунин нафарон чӣ тавр кору фаъолият мекунед? - ба тарафи сарвари милиса Воҳид Камол нигариста гуфт прокурор.
-Шиори банда дар ин ҷода ”дўст гўяд табарвор” буд ҳаст ва хоҳад монд.
-Магар ҷоиз аст, нафареро, ки ба эҳсосот дода шудаву беасос нисбати ҷабрдида гумонҳои бад дар қалб дорад, узви гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ таъин намуда.
-Парвандаи ҷиноӣ дар салоҳияти шумост, ҳалли он низ дар дасти шумо, ё чӣ хеле мегўянд, усул дар дасти нақорачӣ, милиса ҳамаш шуда ёрдамчии муфаттиш аст. Аз дастовардҳои ба тафтишот пешниҳод намудаи намояндагони милиса истифода бурдану набурдан ҳам кори шумо. Ҳарчанд Замир Собир ҳампешаи мо буд, вале ба хотири ҳампеша буданаш мо наметавонем забони мардумро бубандем, ки дар нисбати эшон алфози дуруштро ба забон наоранд, сарҳади давлатиро бастан осонтар аст, нисбат ба оне, ки забони мардум ё ба қавле забони бадгўёнро бубандед ва чаро бадгўён,шояд ҳақ ба ҷониби онҳо бошад. Муфаттиш рост гуфтанд, ки то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Нисбати ояндаи хеш мо бояд аз худи имрўз андеша намоем. Мо бояд лаҳзае ҳам аз хотир набарорем, ки номи нек бароямон на танҳо дар зиндагӣ, балки баъд аз марг низ лозим аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан