Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 263 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 263 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Гуфтаниед, ки барои ба чашми мардум хок пошидан хонаро ба номи додарарўсаш ҳуҷҷат намуда, худ иҷоранишин шудааст.
-Дуруст фаҳмидӣ, мулло Назар, дуруст фаҳмидӣ...

... 4 ...
Хабари марги Замир Собир як ҳангомаи гӯшношунидеро ба бор овард. Новобаста аз он ки мақомотҳои тафтишотӣ дар ин бора нуқтаи назари хешро баён нанамуда буданд, вале матбуоти кӯчагӣ ё худ матбуоти зард, андешаҳои хешро дар бораи кору пайкори собиқ раиси суди ноҳия бо рангу бори “тоза” ба риштаи тасвир кашиданд. Таваҷҷуҳи рўзноманигорони матбуоти озодро пеш аз ҳама ҳамон қасри кошие, ки Замир Собир дар он иҷоранишин шуда иқомат доштааст, ба худ ҷалб намуда буд. Таҳқиқоти журналисти матбуоти озод бе ягон душворӣ маводҳоеро дар даст дошт, ки он қасри кошӣ бо кадом маблағ сохта шудааст ва ба кадом хотир ба номи нафаре, ки соҳиби чанд фарзанди ноболиғ асту рўзашро бо азобе пеш мебарад, номнавис шудааст. Маҳз матбуоти озод луқмаро хоида фўру бурдани онро аз мақомотҳои тафтишотӣ талаб мекард .
Дар ҷаласаи гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ, ки шоми рўзи сеюми баъди рух додани ҳодиса дар дафтари кории прокурори ноҳияи Гулистон Раҳмон Маҳмуд баргузор гардид, масъалаи мазкур мавриди таҳлил ва баррасии аҳли нишаст қарор гирифт.
-Нуқтаи назари шуморо ҳамчун сарвари гурўҳи тафтишотӣ дар атрофи ҳодисаи рухдода, ки расонаҳои хабарӣ чун занбурӣ асал ба ширинӣ часпидаанд, донистан мехостам, - гуфт Раҳмон Маҳмуд.
-Албатта, шунидани чунин хабарҳо дар бораи ҳампешаи хеш, дар бораи нафаре, ки давлат ҳалли тақдири шаҳрвандонашро ба вай бовар намудааст, барои ҳар як нафари дар ин ҷо нишаста дарднок аст, вале бояд иқрор шуд, ки то шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Шумо дар ин бора чӣ андеша доред, рафиқ майор? - Ба тарафи ман нигариста пурсид Раҳмон Маҳмуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан