Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 262 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 262 аз 499 · 2 ноябри 2026

Девори баланди атрофи ҳавлӣ худ гувоҳи он буд, ки соҳибхона маънии мақоли халқии рус ”Чем высше забор, тем лучше соседы”-ро хело хуб медонистааст.
“Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз” - гуфтагӣ барин аз мардуми дар саҳни ҳавлӣ гирдомада қариб аз нисфашон бештар намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ буданд. Ман чанд тан аз ҳампешаҳои шиносамро низ он ҷо дидам. Вақте ки банда вориди ҳавлӣ шудам, нотиқе аз мақомоти судӣ дар бораи ҷонфидоию сарсупурдагӣ ва хоксорию шикастанафсии марҳум хеле ҳарф зад.
Ба суханони нотиқ касе эътироз накард, вале соате пас, вақте ки мо аз сари хокдони марҳум баргаштем, банда беихтиёр шунавандаи суҳбати ду марди қариб шастсола шудам. Яке аз он нафарон аз дигараш пурсид:
-Суханронии вай нотиқи охиринро шунидӣ?
-Шунидам.
-Хайр, дар бораи собиқ ҳамсоя чӣ андеша дорӣ?
-Бо хоксорию шикастанафсӣ соҳиби чунин ҷову ҷалол шудан амри муҳол.
-Вай бечора дар он қаср иҷоранишин будааст.
-Чӣ хел ичоранишин?
-Тавре гап мезанед, ки гӯё аз дигар сайёра омада бошед.
Иҷоранишин чӣ хел мешавад, яъне он қаср аз додарарӯсаш будааст.
-О, додарарӯси вай ҳамааш шуда муовини директори мактаб будааст.
-Хайр чӣ ?
-Бечора ў базўр рўзи худ ва фарзандони ноболиғашро мегузаронад.
-Эй, мулло Назар, мулло Назар, ба ҷуз хоксору шикастанафс будан бечора Замирхон, илоҳо хок хабараш набарад, аз илми фолу қол ҳам бохабар будааст.
-Эҳ, Абдулло, Абдулло, ҳеҷ аз ҳамин фалсафагўият намондӣ, ки намондӣ. О, қолу фолаш чист?
-Қолу фол ин илмест, ки ба чашми давлат хок мепошӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан