кураре чор-панҷ ва дар нисбати заҳри мори афъӣ даҳҳо маротиба хатарноктар аст...”
-Ана ёбу гир, - коғазро ба гӯшаи миз гузошта, зери лаб гуфтам ман ва даст ба гӯшаки телефон бурда, шогирдро ба наздам даъват намудам.
Баъди ду-се дақиқа лейтенанти милиса Шукрихудои Шариф рухсат пурсида, вориди дафтари кории банда шуд.
-Дар бораи бумсланг маълумоти хубе ба даст овардаед, вале боз як хоҳише доштам.
-Бошад.
-Имрўз дар намози пешин маросими видоъ бо марҳум Замир Собир баргузор мешудааст, мехостам дар он маросим иштирок намоед.
-Мерафтам, вале мутаассифона, сардори милиса супориш дод, ки аз пайи коре ба фурудгоҳи шаҳрӣ равам. Агар рафтани банда ба маросими видоъ зарур бошад, мехостам шумо бо сардори идора ба мувофиқа биёед.
-Ҳаминаш намерасид.
-Пас ман чӣ кор кунам?
-Аз пайи супориши сардор шавед!
...Бо каме дермонӣ ҳам бошад, ман ба охири маросими видоъ расидам, шояд ба оғози маросим ҳам мерасидам, вале дар он маҳале, ки Замир Собир иқомат дошт, қариб ҳафтсадҳаштсад метр роҳро пиёда тай намудан пеш омад. Новобаста аз он ки ҷустуҷўи ҳавлии маҳрум мушкилие пеш наовард, (чунки ҳавлӣ дар маҳаллаи ашрофзодагон ё соддатар намуда гўем, элитаи вақт ҷойгир буд ва дар кўчаи танге, ки байни коху кушкҳои дутарафа қатори беохири автомашинаҳои хориҷиро пушти ҳам дунбол намуда буданд, тез ҳаракат намудан ғайриимкон буд). Мардумони оқил бар он назаранд, ки чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гўр. Ин гурӯҳи ашрофзодагон ҳатто аз ҳисоби роҳ ҳам як ё якуним метр заминро ғасб намуда буданд. Саҳни ҳавлии марҳум, ки тахминан даҳ-дувоздаҳ сотих заминро ташкил медод, бо девори баланде аз ҳавлии ҳамсояҳояш ҷудо карда шуда буд. Аз пеши дарвоза тахминан дар масофаи сӣ-сиюпанҷ метр дуртар кохи сеошёнае бо тамоми нозукиҳои санъат чун “Тоҷмаҳал” сар ба афлок бардошта буд. Дар саҳни ҳавлӣ ба ҷуз ҷо-ҷо рехта ва болои ҳам чидани масолеҳи сохтмонӣ дигар чизе аз мӯъҷизаи дасти одами (боғу роғ ва кошта шудани зироатҳои полезӣ) ба чашм намерасид.





