Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 260 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 260 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Набошад дар хотир дошта бошед, ки заҳри мори бумсланг яроқи асосии қотил будааст, - гўён муфаттиш бо мо худоҳофизӣ намуд.
-Акунун чӣ кор мекунем? - баробари аз бинои прокуратура берун шудан пурсид Шукрихудои Шариф.
-То мо нафаҳмем, ки ин бумсланги зормонда чӣ навъ морест, ба гумон аст роҳи дурусти корҳои ҷустуҷўиро пайдо намоем.
-Пас чӣ бояд кард?
-Моро ба ҷуз дар бораи он мори зормонда маълумот ба даст овардан чорае нест.
-Набошад, ман ба китобхонаи миллӣ меравам.
-Соате пас шом фаро мерасад, шояд субҳи фардо?
-То анҷоми кори китобхона боз ду соат вақт ҳаст, гумон мекунам барои дарёфти маънии як калима ҳамин муҳлат кофист.
-Пас агар чунин аст, бароят барори кор хоҳонам, - гӯён дар сари чорроҳаи аввалин ман аз Шукрихудои Шариф ҷудо шудам.
Сари субҳ вақте ба кор омадам, Шукрихудо баъди салому алейк коғази чорқатшудаеро ба дастам дод.
Чун то оғози рўзи корӣ боз ним соат вақт буд, ман ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари кориам шуда, баъди ҷисми хешро ба курсӣ гирифтан, он коғази чорқатшудаи ҳанӯз дар дастам бударо кушода, ба он чашм дӯхтам:
“Бумсланг яке аз морҳои заҳрноктарини Африкои Ҷанубист. Таъсири заҳри он дар организми инсон ҳанӯз пурра омухта нашудааст ва ҳар як ҳодисаи аз чунин заҳр олудашавӣ барои инсон бо фоҷиа анҷом меёбад. То кадом дараҷа заҳри он хатарнок аст, метавон аз таҷрибаҳои таҳқиқоти олимон мисолҳо овард. Ин заҳрро тариқи сўзандору ба миқдори ниҳоят кам (ҷузъиёти хурдтаринаш) ба бадани рўбоҳ гузарониданд ва ҳанўз сўзанро аз бадани рўбоҳ берун наоварда, ҳайвони бечора ҷон додааст, мисли оне, ки аз туфанги думила ба сараш тир холӣ карда бошанд. Заҳри бумсланг боиси хунравии шадиди дарунӣ ва аз кор мондани харакати дил мегардад. Заҳри ин мор дар нисбати заҳри мори

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан