нонамоёни ронандаро дид, онро ба духтури ташхисгар нишон дода гуфт:
-Ана нишонаи куштор.
Духтурро чунин муомила хуш наомад ва ба яке аз нозирони роҳ амр намуд, ки мўйсафедро аз назди вай дуртар баранд, то ба кори ў халал нарасонад.
-То ҷое банда огоҳӣ ёфтам, мўйсафед собиқ корманди милиса будааст, ба ростӣ, аҳсан ба эшон,- бо нимтабассуми ба худаш хос гуфт Нӯшини Азиз.
-Ҳа, хамин хел. Чун эшон фаҳмид, ки духтур нишондодашро мавриди амал қарор доданӣ нест, гуфт, ки собиқ корманди милиса аст ва намегузорад, ки гурўҳи ба ҷойи ҳодиса омада андешаҳои ўро сарфи назар намоянд.
-Магар ин амали ҳампеша боиси озурдаҳолиатон гашт? - пурсид муфаттиш.
-Ҳаргиз чунин нест, новобаста аз он ки вай баҳри милиса кору пайкори зиёдеро ба бор овард, вале чун ҳар як фарди ҳақталош қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намуд. Ҳар кадоме аз мо ҳам мешудем, бояд чунин рафтор менамудем, дар акси ҳол зиндагӣ маънии худро гум мекунад, - гуфт шогирди банда.
-Соате пеш ман аз ташхисгоҳи тиббӣ - судӣ хабар гирифтам, ки ронанда тариқи заҳри мори бумсланг ба ҳалокат расонида шудааст, ҳарчанд то кунун маълумоти расмӣ ба дасти мо нарасидааст, вале ҳаминаш кофист, ки мо аз пайи кор шавем, - ибрози назар намуда гуфт муфаттиш.
-Ин бумслангаш боз чӣ хел мор будааст? - пурсидам ман.
-Намедонам, вале мо маълумоти дақиқро дар ин бора тариқи хулосаи расмии ташхисгоҳи тиббӣ - судӣ хоҳем гирифт.
Аз фардо дер намонда ман қарорро дар бораи таъйин намудани ташхиси биологӣ хоҳам фиристод ва, албатта, ин суоли шуморо низ дарҷ хоҳам кард.
-Ин чанд вақтро мегирад?
-Камаш ду- се шабонарўз, зиёдаш як ҳафта.
-Не, мо наметавонем тайи ин муддат кўр-кўрона амал намоем.
-Ана аз ҳамин лиҳоз кор бо шумо хуш аст, рафиқ майор.
-Мо ҳам медонем бо кӣ сару кор дорем.





