Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 258 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 258 аз 499 · 2 ноябри 2026

Муфаттиши прокуратура низ чун ман дирўз дар ҷои ҳодиса набудааст ва ба ҷои ҳодиса ёрдамчии прокурор Хол Дод ҳамчун навбатдори идораашон рафтааст. Маҳз ҳамин ҳолатҳо шояд сабаб гардида буданд, ки сардори милиса ҳамроҳам ба назди муфаттиш бурдани лейтенанти ҷавонро тавсия дод.
Дирўз чун Хол Дод ба азназаргузаронии ҷои ҳодиса машғул будааст, пурсиши шоҳиди асосии воқеаро ба зиммаи лейтенанти ҷавон Шукрихудои Шариф гузоштааст.
Новобаста аз он ки дар нишондоди Намоз Хаёл муҳтавои пураи ҳодиса ба қалам дода шуда буд, имрўз дар ин суҳбати хоса Шукрихудои Шариф тамоми рафти ҳодисаи дирўзаро аз лаҳзаи ба ҷои ҳодиса рафтанашон бе ягон рангу оби зиёдатӣ баён намуд.
Ба андешаи Шукрихудои Шариф, нафаре ки дирўз бо ў сари суҳбат қарор доштааст, аз бетарафии инсонҳо шикоят намудааст. Шикоят аз он намудааст, ки ду маротиба ҳам ронандагони аз қафои автомашинаи “Тайота Ленд Крузер” буда ба қафо ҳаракат намуда ба маҷрои умумии нақлиёт ҳамроҳ шуда рафтанд, вале ягон нафар ба автомашинаи чун ҳайкал дар байни роҳ истода таваҷҷуҳ зоҳир накард, ки накард. Ман ба ҳамсуҳбатам фаҳмонидам, ки шояд сабаби ҳамаи ин ҳамон борони ба тӯфон монанд гардида бошад-гуфт лейтенанти милиса.
-Борон сели тир нест, ки сар бардоштаву назар афканда натавонӣ, - эътироз намудааст мўйсафед, ки ҳамагӣ чанд дақиқа пеш бо духтури ташхисгар қариб даст ба гиребон шуда будааст. Мўйсафеди шоҳид қариб, ки худи гурўҳи ба ҷойи ҳодиса рафтаро гунаҳкор карданӣ шудааст, ки мехоҳанд асли воқеаро рўйпўш намоянд. Маҳз ҳамин пофишориҳои мўйсафеди шоҳид асос гардид, ки духтур ба захми қариб ба чашм нонамоёни тарафи рости гардани мақтул аҳамият додааст.
-Чаро, ки бо духтури ташхисгар қариб даст ба гиребон шуда будааст? - пурсид муффатиш.
-Сараввал мўйсафед, гуфт, ки шояд занбӯрҳои дар дохили салони автомашина бударо қотил ба мақсади гумроҳ кардани тафтишот сар додааст ва баъди оне, ки ў захми қариб ба чашм

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан