- Хуш, ба мо чӣ маслиҳат медиҳед?
- Ба прокуратура ба назди муфаттиш Нӯшини Азиз равед ва дар асоси дастури сарвари гурўҳи тафтишотӣ аз пайи кор шавед. Ҳа, дарвоқеъ лейтенанти милиса Шукрихудои Шарифро ҳам бо худ гиред.
Ман аз дафтари кории сардори милиса берун шудам.
Лаҳзае дар пеши бино таваққуф намуда, хостам аз зинаҳо ба поён қадам ниҳода ба прокуратура равам, вале ҳамоно супориши сардори идораро нисбати Шукрихудои Шариф ба ёд оварда, пас гашта, ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари кориам шудам. - Дуруст, вале боварӣ дорам, ки на ҳама инсонҳо ба чунин боварӣ сазоворанд, - гуфтани сардори милиса дар гўшам садо медоду садо.
Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро сарвари идора чунин гуфт, марде, ки дар умри хеш касеро носазо нагуфтааст, чунин каломи нораворо ба забон овард. Чаро?
Вонамуд сохтан, ки онро ман нашунидам, ба манфиати кор набуд.
Ҳамааш чун ҳамон афсона шуд.
Чун афсонаи буд-набуд.
Чун афсонаҳои бибӣ.
Гапи духтар ширин буд, гапи кампир дурўғ буд...
Чун посухи Абдумаҷиди панҷсола. - Не, не, гапи шумо дурўғ не...
Мегўянд, ки то омадани табар кунда меосояд, ба ростӣ дар ин калом муболиғае нест ва то омадани Шукрихудои Шариф ба курсӣ такя намуда, чашмонамро пӯшидам.
... 3 ...
Соате боз ману Шукрихудои Шариф бо муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз сари ҳодисаи дирўза дар кўчаи Айнӣ баҳс дорем. Ҳар кадоме аз мо андешаҳои хешро бояд сари ҳодисаи рухдода баён намоем. Чун дирўз банда ҳанўз дар рўхсатии меҳнатӣ будам, ба рафти ҳодиса танҳо аз ҳуҷҷатҳо шинос шуда будам, вале андешаҳои лейтенанти ҷавон Шукрихудои Шарифро, ки дирўз ҳамчун аъзои гурўҳи фаврии тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса рафта буд шунида будам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




