-Мебинам, ки баҳс доред, - гулӯ рўшан намудам ман ва ба муколаммаи бибию мағзи донакаш нуқта гузоштам.
Садои занги телефон бандаро аз байни хаёлҳои дар парвоз будаам берун овард ва гўшакро бардоштам.
-Шуморо сардор мепурсад, - хабар дод навбатдор.
Гўшакро ба ҷояш гузошта, ба ошёнаи якуми бино фаромадам ва лаҳзае пас вориди утоқи кории сардори милиса шудам.
-Хуш, рафиқ майор, ба ҳуҷҷатҳо шинос шудед?
-Бале, рафиқ полковник.
- Марҳамат гузашта шинед, - гӯён бо ишораи даст ў курсиеро нишон дода.
Ба курсӣ нишаста, ҳуҷҷатҳои бо худ овардаамро аз ҷузвдони коғазин берун оварда, болои миз гузоштам. - Дигарон рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба осоишгоҳо раванд, шумо, баръакс, ба деҳа рафтед.
- Ба деҳа не, ба сари манзили зисти гузаштагонам, ба деҳае, ки ҳар як қуллааш чун беҳтарин бўстонсаро ва ҳар як шохоби рӯдаш чун баҳри бузурге бароям азиз аст.
- Русдухтар ҳам чунин андеша дорад?
- Ў низ зодаи Тоҷикистон аст ва ҳар як гўшаи диёр барояш азиз. Сағирдашт ҳам чун нигини ин сарзамин дар қалби русдухтар маскан гирифта.
- Андешаҳои шуморо дар сари қазияи рухдода шунидан мехостам.
- Ҷиноят аён аст ва моро ба ҷустуҷўйи қотил дигар чорае нест.
- Мақсад чӣ?
- То кунун дар ин самт мо гиреҳе дар даст надорем.
- Иҷрои вазифаи хизматӣ оё сабаби ба чунин амал даст задан шуда метавонад?
- Албатта. Охир кам не ғам не, давлат ҳалли тақдири инсонҳоро ба вай бовар намуда буд.
- Дуруст, вале боварӣ дорам, ки на ҳама инсонҳо ба чунин боварӣ сазоворанд.
- Шуморо нафаҳмидам, рафиқ полковник.
- Вақту соаташ ояд ҳамаашро мефаҳмед, ҳоло бошад, пеш аз пода чанг андохтан хуб нест.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




